Сокини шаҳри Турсунзода Абдуллоҳ Ҳаитов ҳангоми дар муҳоҷирати корӣ дар Русия қарор доштан давоми солҳои 2010-2020 аз аъзоёни номаълуми равияи “Салафия” таълимоти динӣ омӯхта, онро қабул ва ҷонибдорӣ кардааст.

Бино ба иттилои маркази матбуоти прокуратураи генералии ҷумҳурӣ, пас аз бозгашт ба ватан ӯ ҷиҳати пайвастан ба ин равия байни ҳамдиёронаш тарғибу ташвиқот мебурдааст.

Ӯ аз ҷониби мақомоти прокуратураи ҷумҳурӣ боздошт ва нисбаташ мутобиқи моддаи 307 (3) (ташкили фаъолияти созмони экстремистӣ) парвандаи ҷиноятӣ боз шуд.

Дар натиҷа суд Ҳаитовро дар содир намудани аломатҳои ҷиноят мутобиқи моддаи дар боло зикршуда гунаҳкор дониста, ӯро ба 5,6 соли зиндони низомаш сахт маҳкум кард.

Аввали соли 2009 Суди олии Тоҷикистон фаъолияти равияи диниву бунёдгаронаи “Салафия”-ро ғайриқонунӣ эътироф намуда, фаъолияти онро дар қаламрави кишвар манъ кард.

Қарор бар асоси муроҷиати Прокуратураи генералӣ, ки доир ба таҳдиди фаъолияти “Салафия” ба амнияти давлатии Тоҷикистон, сохти конститутсионии он, инчунин барангехтани адовати динӣ ва этникӣ далелҳо пешниҳод кард, қабул шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.