Иззат Амон то ду моҳи дигар дар боздошт мемонад. Дар ин бора Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии Душанбе қарор содир кардааст. Ин хабарро Сайидбурҳон Шарипов вакили дифои ӯ ба "Азия-Плюс" таъйид кард.
Шарипов далели тамдид шудани ҳабси пешакии зерҳимояашро ба ворид шудани 11 шикояти нав рабт дод ва гуфт ҳоло бо ин 11 шикояти нав дар маҷмуъ шумори шикоятҳое, ки Иззат Аммон шудааст ба 16 расид.
Ба гуфтаи вакили Иззат Амон онҳо то имрӯз маблағи ҳеч кадоме аз шикоятбароне, ки гӯё зарар дидаанд пардохт накардаанд ва талош доранд, ки ин корро зудтар анҷом диҳанд.
Ӯ гуфт: «имрӯз маблағи мавҷудбуда ҳисоб ва маълум мешавад, ки он ба киҳо бояд дар аввал пардохта шавад. Чун ин маблағи доштаи зерҳимояааш кофӣ нест".
Дирӯз ҳам бо Иззат вохурӣ кардем ва вазъиятро фаҳмонидем, мегӯяд вакили дифоъ.
Иззат Амон, роҳбари "Маркази тоҷикон" дар Маскав ва яке аз ҳомиёни ҳуқуқи муҳоҷирон дар Русия рӯзи 25-уми март дар Русия нопадид шуд ва наздиконаш ба расонаҳо гуфтанд, ки дигар ӯро пайдо карда наметавонанд. Баъдан Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон эълон кард, ки Русия ҳаққи шаҳрвандии Иззат Амонро бекор ва ӯро ихроҷ кардаасту ӯ ба Душанбе баргаштааст.
ВКД гуфт Иззат Амонро дар Душанбе боздошт кардааст ва алайҳи ӯ бо гумони "қаллобӣ ба миқдори махсусан калон" (қисми чаҳори моддаи 247-и Кодекси ҷиноӣ) парванда боз кардааст.
Гуфта мешавад ҳукми додгоҳи 25-уми май содир шудааст ва акнун ӯ то 25 июл дар ҳасб мемонад.
Ҳафтаи гузашта Сайидбурҳон Шарипов, вакили дифои Иззат Амон гуфта буд, ки ҳоло шаш нафари дигар аз Иззат Амон ба мақомот шикоят бурдаанд, ки гӯё ӯ аз онҳо фиреб дода бошад ва муфаттиш ин шикоятҳои навро месанҷанд. Акнун шумори шикоятҳои нав то имрӯз ба 11 расид, ки аз оғози парванда то ҳоло дар маҷмуъ 16 шикоят шудааст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Сергей Шойгу дигар вазири мудофиаи Русия нест. Путин ӯро дигарбора ба ин вазифа таъин накард
Ҳалокати ронанда ва 2 мусофир бар асари садамаи нақлиёт дар роҳи Хуҷанд-Конибодом
Ба собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар кумакпулӣ пардохт гардид?
Ҷудокори тоҷик Темур Раҳимов дар Қазоқистон ҳам медали нуқра ба даст овард
Тоҷике, ки автобуси зери идорааш ба дарё сарозер шуд, барои нақзи қонунгузории муҳоҷирати Русия айбдор мешавад
Боз як роҳхати Тоҷикистон ба Бозиҳои олимпии соли 2024
“Хариду фурӯш”-и сарбоз? Дар Суғд оилаҳое, ки писарашон ба хидмати ҳарбӣ намеравад, маблағ ҷамъ мекунанд
Такрори бӯҳрон? Ихтилофи навбатӣ дар сафи Ҳизби демократи Тоҷикистон
Аз ятимӣ то Ватансозӣ: рӯзгори сарсупурдае, ки аз ҷанг ба сиёсат расид
Рӯзи ғалаба муборак, Тоҷикистон!
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста