Нисбати блогнавис Руслан Бобиев, ки ҳамроҳи як духтар суратгузорише аз маркази шаҳри Маскав нашр кард, ба иттиҳоми таҳқири эҳсосоти диндорон парвандаи ҷиноятӣ боз шуд, менависад Lenta.ru.

Бобиев ва духтари ҳамроҳи ӯ Чистова дар мурофиаи пешакии суд буданд. Суди Маскав ин масъаларо рӯзи 28 октябр баррасӣ мекунад. Бобиев ва духтари иштирокчии суратгузориш метавонанд ба муҳлати то як соли зиндон ҷазо гиранд.


Руслан Бобиев 30 сентябр боздошт шуд. Блогнавис дар Instagram ва TikTok-и худ аксҳоеро дар пасманзари калисои Василий Блаженний дар Маскав нашр кард. Дар сурат духтаре бо либос (куртка)-и дорои навиштаҷоти «пулис» назди блогнавис истодааст ва ин ҷуфт алоқаи ҷинсии даҳониро тақлид мекунанд.

"Кодекси меҳнат Кодекси ҷиноятӣ нест ва онро риоя накардан ҳам мумкин аст", - навишта буд блогнавис зери акс.

Баъдан блогнавис барои ин кирдори худ узр пурсида, зикр кард, ки қаблан барои пранк низ ба ҷавобгарии маъмурӣ ҷалб шуда буд. Ҳамчунин изҳор намуд, ки бекор аст ва ба савол дар бораи он, ки ҳоло ҳам ба чунин аксбардориҳо машғул аст, посухи мусбат дод.

Руслан Бобиев аз Тоҷикистон ба Сочи ва сипас аз он ҷо ба Маскав омада, ба Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи Ломоносов дохил шудааст. Ӯ дар Instagram ва TikTok саҳифаҳои худро дошта, шумори обуначииёнаш дар Instagram зиёда аз 100 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.