Кормандони милитсияи шаҳри Душанбе ду пиёдагардро барои худсарона ҷазо додани ронандаи автомашинае, ки онҳоро дар роҳи пиёдагард роҳ надодааст, боздошт намуданд.
Тавре ки маркази матбуоти Раёсати ВКД Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад, 26 март дар як қатор шабакаҳои иҷтимоӣ наворе нашр гардид, ки дар он муноқишаи ду нафар ҷавонписар бо ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-зефира» инъикос ёфта буд.
Навори мазкур мавриди вокунишҳои шадиди шаҳрвандону корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ қарор гирифта, дар ин робита кормандони милитсия чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ роҳандозӣ намуданд.
Зимни санҷиши ҳодисаи мазкур муайян карда шуд, ки пиёдагардон сокинони шаҳри Душанбе - Ҳикматулло Хурсандови 24-сола ва бародари 15-солаи ӯ мебошанд.
Гуфта мешавад, бародарон барои роҳ надодани онҳо дар роҳи пиёдагарди назди маркази савдои “Пайкар” ба ронанда Шоҳрух Ғаниеви 23-сола, сокини пойтахт дарафтода, ӯро мавриди дашному ҳақорат ва зери лату кӯб қарор додаанд.
Нисбат ба Ҳикматулло Хурсандов протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, ба муҳлати 10 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ ҷазо таъин шуд.
Бародари ноболиғи ӯ ба миқдори се нишондиҳанда барои ҳисоб (1 нишондиҳанда ба 64 сомонӣ баробар аст) ҷарима шуд.
Ҳамзамон нисбати ронандаи автомашина барои роҳ надодан ба пиёдагард тибқи талаботи моддаи 324 КҲМ ҶТ прокол тартиб дода шуда, ҷаримабандӣ (1 нишондиҳанда барои ҳисоб) карда шуд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.