Имрӯз дар бинои суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт баррасии парвандаи оилаи Ҳасан Ёдгоров дар назар аст. Онҳо ба сифати ҷубронпулӣ барои шиканҷа дар мақомоти милитсия аз ВКД Тоҷикистон 400 ҳазор сомонӣ талаб доранд. Гӯиё се корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ тариқи шиканҷаву лату кӯб сокини шаҳри Турсунзода Ҳасан Ёдгоровро маҷбур мекунанд, ки ба ҷинояти содирнакарда иқрор шавад.

Тавре ки ба “Азия-Плюс” роҳбари Гуруҳи кумаки ҳуқуқии Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа вабеҷазоӣ дар Тоҷикистон Гулчеҳра Холматова хабар дод, оилаи Ёдгоров аз ВКД ҷуброни зиёни маънавӣ ва молиро талаб мекунад.

Дар посух ба саволи “Чаро маҳз 400 ҳазор сомонӣ?”, Холматова изҳор намуд, ки “ин маблағро худи оила талаб дорад, зеро бар асари истифодаи шиканҷа дар милитсия вазъи солимии Ҳасан Ёдгоров бад шудааст”.

Ёдгоров моҳи ноябри соли 2017 бо гумони қатли Дмитрий Каримов аз сӯи кормандони ШКД-и шаҳри Турсунзода боздошт шуд. Сабаби боздошт ҳам ин будааст, ки ба телефони мақтул, охирон маротиба Ҳасан Ёдгоров паёмак барои занг задан ё (SOS-сообшения) равон кардааст. Қаҳрамони матлаби мо бо Дмитрий Каримов дар микроноҳияи 2-юми шаҳри Турсунзода зиндагӣ мекарданд ва Ҳасан мегӯяд барои пайдо кардани манзили иҷора ба телефони Каримов паёмак фиристода буд. Ҳасан Ёдгоровро рӯзи 7-уми ноябри соли 2017 боздошт мекунанд ба гуфтаи худаш, он қадар шиканҷааш карданд, ки маҷбур шуд куштори Дмитрий Каримовро ба гардан гирад.

Иқрори Ҳасан дар барномаи телевизионии Вазорати корҳои дохилӣ намоиш дода шуд ва дар он Ёдгоров “ҳолати куштан”-и Дмитрийро Каримовро “нишон медод”. Бар асоси моддаи 104-и Кодекси ҷиноӣ, Ҳасан Ёдгоров бо ин “худиқрорӣ” дар куштор беш аз даҳ сол метавонист зиндонӣ шавад. Агар баъди 6 моҳу 8 рӯз гумонбари асосӣ Леонид Малченков пайдо намешуд.

Додгоҳи олии Тоҷикистон баъди се соли баррасӣ, се корманди пулисро дар шиканҷаи Ҳасан Ёдгоров гунаҳкор эълон карда, онҳоро аз 10 то 13 сол аз озодӣ маҳрум кард. Ҳарчанд се корманди пулис барои шиканҷаи Ҳасан зиндонӣ шуданд, вале сояи он азобҳо дар идораи пулис то ҳол аз болои сари Ёдгоров кам нашудааст. Модараш мегӯяд, Ҳасан баъди он ҳодиса саломатиашро аз даст дод ва то ҳол табобат гирифта истодааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.