Аз 5 то 15-уми октябри соли равон дар кишвар амалиёти “Истгоҳ” гузаронида мешавад, ки ҳадафи он коҳиш садамаҳои нақлиётӣ дар роҳҳо ва баланд бардоштани интизоми иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ, махсусан ронандагони нақлиёти ҷамъиятӣ ва таксиҳои кироя мебошад.
Дар ин бора аз Бозрасии давлатии автомобилии кишвар (БДА) ба “Азия-Плюс” хабар доданд.
Аз ин ниҳод гуфтанд, маҳз бо сабаби дар ҷойҳои муайянгардида-истгоҳҳо ва ё ҳудуди муайяншуда нигоҳ надоштани нақлиёт, инчунин савор кардану фаровардани мусофирон дар хатҳои дуюм ва сеюми роҳ, дар гузаргоҳ барои пиёдагардон, болои пул ва ҳудуди роҳҳои дусатҳа сабаби афзоиши қоидавайронкунӣ миёни ронандагон мегардад.
“Бо вуҷуди андешидани тадбирҳои зарурӣ, дар ин самт ҳанӯз ҳам дар кишвар масъалаи тамбашавӣ ва ё дар истгоҳ нигоҳ надоштани воситаи нақлиёт ташвишовар боқӣ мемонад”, - нигаронӣ карданд аз БДА.
Ин ниҳод аз тамоми сокинон ва меҳмонони кишвар даъват кард, ки ҳангоми ҳаракат дар роҳҳо зимни гузаронидани амалиёти “Истгоҳ” қоидаҳои ҳаракатро риоя намуда, нақлиёти мусофирбари ҷамъиятиро дар истогоҳ ва дигар воситаҳои нақлиётро берун аз истгоҳ дар ҳудуди муайяншуда нигоҳ доранд.
Гуфта мешавад, ки дар ҳолати ба қоидавайронкунӣ даст задани ронандагон аз ҷониби нозирони роҳ нисбати онҳо протоколҳои маъмурӣ тартиб дода мешавад.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Қобилияти хариди аҳолии Тоҷикистон дар 10 соли чӣ қадар тағйир ёфтааст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 январи соли 2025
“Шумо дар Эрон... эҳсоси ғурбат намекунед” ё “бе сармоягузорӣ ҳам ба Тоҷикистон биёед”. Суханҳои самимии Эмомалӣ Раҳмон ва Масъуд Пизишкиён
Маҷлиси солонаи ҳукумат. Киҳо ба президент ҳисобот доданд ва чӣ гуфтанд?
“Дурахшандагон”. Дар Тоҷикистон барои таҳсил дар хориҷи кишвар 170 стипендияи президентӣ ҷудо гардид
Боздошти 2 узви “Толибон” бо гумони интиқоли маводи мухаддир ба Тоҷикистон
“ҲСДТ номзад пешниҳод накард”. Муҳлати пешбарии номзадҳо ба интихоботи парлумонӣ ба анҷом расид
Рӯзҳои истироҳатӣ дар кишвар ҳаво якбора сард шуда, борону барф меборад
Парвози аввалини хатсайри Душанбе – Панҷакент бори дигар ба таъхир гузошта шудааст
“Ҳамос” ва Исроил созиши оташбасро имзо карданд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста