Ҳомидҷон Муҳаммадзода, раиси собиқи Додгоҳи шаҳри Хуҷанд бо ҳукми Додгоҳи олии Тоҷикистон 2 сол равонаи зиндон шудааст.
Дар ин бора Радиои Озодӣ хабар медиҳад ва менависад, ки ҳукми додгоҳ рӯзи 11-уми ноябр содир шуд, вале нусхаи ҳукм танҳо имрӯз, 16-уми ноябр ба дасти онҳо расид.
То 2 сол зиндонӣ шудани Ҳомидзода дар ҳолест, ки ӯ, бо моддаи 319, қисми 3 гумонбар дониста шуда, ин банди Кодекси ҷиноятӣ аз 5 то 10 соли ҳабсро пешбинӣ мекунад. Сабаб ба муҳлати камтар аз тақозои қонун зиндонӣ шудани додраси собиқ маълум нест.
Хабари боздошти Ҳомидҷон Муҳаммадзода ва Рустам Маҳмадсаидзода, ҳамроҳи як вакили дифоъ Шаҳидҷон Ҳоҷибоев аввалҳои моҳи май расонаӣ шуд ва дертар Оҷонсии зиддифасоди Тоҷикистон боз шудани парвандаи ҷиноӣ алайҳи онҳоро дар як посухи хаттӣ ба “Азия-Плюс” тасдиқ кард.
Оҷонсии зиддифасоди Тоҷикистон гуфта буд, ки “нисбати Муҳаммадзода Ҳомидҷон Бобоҷон ва Маҳмадсаидзода Рустам Муҳаммадсаид бо моддаи 319 қисми 3 “гирифтани пора” ва нисбати Шаҳидҷон Ҳоҷибоев бо моддаҳои 36 қисми 5 “шарикони ҷиноят”, 319 қисми 3 “гирифтани пора” ва 247 қисми 4 банди “б” “қаллобӣ”-и Кодекси ҷиноятӣ парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шуда айни замон тафтиши пешакии он идома дорад”.
Он замон Оҷонсӣ дар бораи ҳаҷми маблағи пора хабар надода буд. Вале дертар ду ниҳоди масъул ҳаҷми пораро гуногун гуфтанд.
Аввал раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён дар нишасти матбуотӣ афзуд, ки Ҳомидҷон Муҳаммадзода ва Рустам Маҳмадсаидзода бо гирифтани 2,5 ҳазор доллар пора гумонбар мешаванд ва ин маблағ байни онҳо тақсим шудааст.
Баъдан, Оҷонсии зиддифасод гуфт, Муҳаммадзода ва Маҳмадсаидзода зимни гирифтан 4 ҳазор доллар пора дастгир шудаанд.
Дар ин ниҳод гуфтанд, ин ду додраси собиқ тавассути миёнарав Шоҳидҷон Ҳоҷибоев, як вакили дифоъ барои ҳал намудани парвандаи ҷиноятие, ки дар баррасии додраси собиқ Рустам Маҳмадсаидзода қарор дошт, аз ҷониби кормандони Оҷонсӣ дастгир шудаанд.
Ёдовар мешавем, ки амалиёти боздошти ин ду додрас ва як вакили дифо нимаи моҳи апрели имсол сурат гирифта буд, аммо он замон ниҳодҳои расмӣ ин иттилоъро тасдиқ ва рад накарда буданд.
Рӯзи 30 май Муҳаммадзода, Маҳмадсаидзода, ҳамроҳи як додраси додгоҳи ноҳияи Сино Раҳмиддин Раҳимзода бо фармони раисҷумуҳури кишвар аз вазифа озод шудаанд.
Ашки шодӣ, рақсу бозӣ, оғӯшгириву дастфишорӣ. Гузориш аз бозшавии сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон
Дар Душанбе тавонмандсозии занонро муҳокима карданд
“Лағви раводид барои шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ”. Содир Жапаров гуфт, дар минтақа “осоиши абадӣ” барқарор шуд
Соли талошу бурдҳо: натиҷаҳои фаъолияти “Азия-Плюс” дар соли 2024
Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ ба Русия меравад
Санъаткорон беш аз 4,3 миллион сомонӣ андоз пардохт кардаанд
Кор дар Қатар. Хадамоти муҳоҷират бори дигар хоҳишмандонро барои кор ба ин кишвари арабӣ даъват кард
Дар чемпионати ҷаҳон оид ба бокс Мижгона Самадова то даври чаҳорякниҳоӣ расид
Имсол “Наврӯз” дар Тоҷикистон кай фаро мерасад?
Дабири кулли СММ Тоҷикистону Қирғизистонро бо имзои созишномаи таърихӣ табрик кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста