Дар Истаравшан Маъмур Шарифови 36-сола барои қасдан задани як корманди Бозрасии давлатии автомобилӣ (БДА) гумонбар дониста мешавад. Дар барномаи “Милитсия хабар медиҳад”, ки аз ҷониби кормандони милитсия дар вилояти Суғд таҳия шудааст, зикр мешавад, ки ҳодиса субҳи 28-уми декабри соли 2022 дар хиёбони И.Сомонӣ дар назди бозори марказии шаҳр рух додааст.
Гуфта мешавад, як афсари БДА барои дар ҷойи нодуруст гузоштани мошин аз ронанда ҷиҳати тартиб додани протокол ҳуҷҷат талаб кардааст ва ронанда мошинро ба болои ӯ рондааст.

“Корманди шӯъбаи корҳои дохилии ШВКД-и дар шаҳри Истаравшан, лейтенанти милиса Эхсон Муҳиддинов ин қоидавайронкуниро пай бурда, талаб кардааст, ки ҳуҷҷатҳо барои тартиб додани протокол пешниҳод карда шаванд. Пас аз ин, Шарифов на танҳо аз нишон додани шаҳодатномаи ронандагӣ худдорӣ кард, балки Муҳиддиновро зада галтонд ва аз ҷойи ҳодиса фирор кард”, - гуфта мешавад дар навор.
Ронанда пас аз пахши корманди БДА-ро, ки садди роҳаш истода буд, фирор мекунад. Лаҳзаи рух додани ҳодиса дар дастгоҳи сабти навор қайд гардидааст.Чаро Шарифов ин корро кардааст, хабар дода нашудааст.
Шоҳидони айнӣ ба Муҳиддинов кумак карда, ӯро ба бемористон бурдаанд ва маълум шудааст, ки дар пайи ҳодисаи мазкур пойи корманди БДА шикаста, ҷароҳатҳои дигари ҷисмонӣ низ бардоштааст.
Айни ҳол, Маъмур Шарифов боздошт шуда, дар боздоштгоҳ қарор дорад. Додситонии шаҳр дар робита ба ин ҳодиса бар асоси моддаи 328 (қисми 2)-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон (истифодаи зӯроварӣ нисбат ба намояндаи ҳокимият барои ҳаёт ва саломатӣ хатарнок) парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Тибқи он, Шариповро ҷазо дар намуди маҳдуд кардан ё маҳрумият аз озодӣ ба мӯҳлати аз 2 то 5 сол таҳдид мекунад.
Таркиш дар як бандари Эрон. Расонаҳо аз 4 кушта ва беш аз 500 захмӣ хабар медиҳанд
Русия бори аввал эътироф кард, ки дар Курск низомиёни Куриёи Шимолӣ меҷанганд
Медали нуқраи Сомон Маҳмадбеков ва биринҷии Абубакр Шеров. Натиҷаи рӯзи дуюми мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои Осиё
Қаҳрамонии як тоҷик дар Маскав. Ӯ сӯхтори мошинро хомӯш кардааст
Дар Душанбе ва Хатлон сохтмонҳои "худсарона сохта"-ро тахриб мекунанд. Қонунгузорӣ дар ин бора чӣ мегӯяд?
Қоҳир Расулзода дар Маскав бо Михаил Мишустин ҳамкории тиҷоратии Тоҷикистону Русияро баррасӣ кард
Филми “Сарчашма” аз Тоҷикистон дар Қирғизистон соҳиби ҷоизаи “Таваҷҷуҳи тамошобин” шуд
Аз 1 май меъёри аксиз барои бензину газ боло меравад. Ин ба нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо чӣ таъсир мерасонад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 апрели соли 2025
Чаро дарахтони гаронарзиши магнолия дар Хуҷанд “хушкшуда” метобанд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста