Саҳобиддин Мунавварзода, нафаре, ки бо гумони куштори ду зани фарроши Идораи замини ноҳияи Деваштич дастгир шуда буд, ба ҳабси абад маҳкум гардид. Дар ин бора Қосим Зокиров, падари яке аз занҳои кушташуда ва як манбаи дигар аз суди вилояти Суғд иттилоъ доданд.
Тибқи иттилои дастрасгардида, ҳукм ду рӯз қабл, 30-юми январ, аз ҷониби Суди вилояти Суғд содир гардидааст.
Бояд гуфт, ки Умеда Зокироваи 45-сола ва Вориса Фозиловаи 56-сола, ду зани фарроши Идораи замини ноҳияи Деваштич, 17-уми июли соли 2022, дар рӯзи истироҳатӣ, дар макони кори худ, бо зарби корд кушта шуданд. Саҳобиддин Мунавварзода, мутахассиси пешбари идораи замини ноҳия ҳамчун гумонбари асосӣ дар куштор боздошт гардида буд.
Қосим Зокиров, падари Умеда Зокирова, дирӯз, 31-уми январ ба “Азия-Плюс” гуфт, ки мурофиа дар Боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Истаравшан, аз ҷониби судяҳои Суди вилояти Суғд баррасӣ шуд ва дар ниҳоят, Саҳобиддин Мунавварзода бо моддаи 104 қисми 2-и Кодекси ҷиноятии ҶТ айбдор ва ба ҳабси абад маҳкум гардид.
Қосим Зокиров пас аз элони ҳукм гуфт, ки аз ҳукм розӣ аст.
Назари пайвандон ва вакили дифои Саҳобиддин Мунавварзода оид ба ҳукм то ҳол дастрас нест ва ҳамчунин, дақиқ нест, ки оё аз болои ҳукм шикоят мекунанд ё не.

Ёдовар мешавем, ки Умеда Зокирова ва Вориса Фозилова, ду зани фаррош дар Идораи замини ноҳияи Деваштич, ки ҳамчунин бо ҳам риштаи пайвандӣ доштанд, 17-уми июли соли 2022 кушта шуданд. Онҳо рӯзи содир шудани ҷиноят, ки истироҳатӣ буд, барои тоза кардани идора рафта буданд.
Пас аз ду ҳафтаи содир шудани ҷиноят Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд “фазои носолими кориро дар ин идора сабаби асосии фоҷеа” арзёбӣ карда буд.
“Гумонбар аз сабаби доштани хусумати шахсӣ ва қасд нисбати раис, муовин ва дигар хизматчиёни кумитаи мазкур, ки гӯё барои иҷрои вазифаҳои хизматӣ ба ӯ монеагӣ мекарданд, бо мақсади тарс додан ва ба таҳлука андохтани онҳо бо ташкили далелҳои сунъии бадномкунанда даст зада, дар рӯзи ҳодиса бо истифода аз сӯзишвории дизелӣ ду утоқи кории идораи заминро оташ мезанад ва занони фаррош аз сӯхтор бохабар шуда, мехоҳанд, онро хомӯш кунанд. Вале гумонбар Мунавварзода бо мақсади рӯйпуш кардани ҷинояти худ бо корди ошхонагӣ онҳоро ба қатл мерасонад”, - гуфта мешуд дар изҳороти Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд.
Дар аввал гуфта мешуд, ки дар робита ба ин ҳодиса ду нафар корманди ин идора боздошт шудаанд, вале посбони ин идораро, ки ҷасадҳоро пайдо карда буд, баъди бозпурсӣ раҳо карданд.





Сабикаҳои тиллои Бонки миллии Тоҷикистон дар соли 2025 қариб 40% гарон шуданд
Теъдоди донишҷӯёни тоҷикистонӣ дар Ӯзбекистон дар соли 2025-ум 2 баробар зиёд шудааст
Баъди ҳамлаҳои мусаллаҳона аз Афғонистон сохтмони як роҳи байналмилалӣ дар Дарвоз қатъ шудааст
Дар Тоҷикистон гирифтани тасдиқи маълумотнома дар бораи вазъи оилавӣ ба таври онлайнӣ ба роҳ монда шуд
Ҳукумати нав сохтанд ё ҷойгузини ҳам шуданд? Дар Украина чанд мансабдор аз вазифа рафт
Тағйироти кадрӣ. Ёрдамчии раисҷумҳур ва роҳбарони 9 шаҳру навоҳӣ нав шуданд
Боздошти як зодаи Тоҷикистон дар Русия дар робита ба марги як блогери рус
Пахта дар бозори ҷаҳонӣ қимат мешавад. Ин ба Тоҷикистон чӣ фоида дорад?
Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии амнияти занон зинаи 89-умро касб кард
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хоб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 2
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста