Раёсати Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе барои чораандешии нисбати ҳодисаи бо рӯзноманигор Нурангез Рустамзода рухдода дастбакор шудааст. Дар ин бора Нусратулло Маҳмадзода, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, ҳоло дар Вазорати корҳои дохилии пойтахт тафтишот оғоз шудааст.
Аслан чӣ воқеа рух дод?
Рӯзи 14-уми апрел дар Душанбе пулис ба хабарнигори “Садои Амрико” Нурангез Рустамзода иҷоза надод, ки вазифаи касбиашро иҷро намояд ва аз масҷиди марказии пойтахт навор бардорад. Дар ҳоле, ки ӯ аккредитатсияи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ВКХ) ва иҷозаи наворбардорӣ аз масҷиди марказии шаҳрро дошт.
“14-уми апрел ҳудуди соати 12:40 дар назди Масҷиди марказии шаҳри Душанбе мехостам барои гузориш дар бораи таҷлили Иди Фитр дар Тоҷикистон аз намози ҷумъа навор гирам. Аммо 3 корманди милиса, ки яке либоси хидматӣ, дигаре либоси шаҳрвандӣ ва саввумӣ либоси посбонӣ доштанд, ба ман имкон надоданд, ки фаъолияти касбиамро анҷом диҳам. Онҳо ҳатто худро муаррифӣ накарда, ба кори ман монеа эҷод мекарданд”, - гуфт ӯ.
Рӯзноманигор афзуд, “бо вуҷуди он ки ман худро муаррифӣ кардам, ҳуҷҷатамро нишон додам ва гуфтам, ки аз Вазорати корҳои хориҷӣ аккредитатсия дорам, бо ман дағалона рафтор карда, бо суханони қабеҳ аз масҷид ронданӣ шуданд”.
Нурангез Рустамзода раванди ин ҳодисаро чунин нақл кард: “Пеш аз ин ба Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Тоҷикистон мактуб ирсол намуда, хоҳиш кардам, ки дар таҳияи гузориш мусоидат намояд. Рӯзи 11-уми апрел сухангӯи ин Кумита Афшин Муқим ба ман хабар дод, ки нома имзо шудааст ва ман метавонам корро оғоз кунам”.
Дар ҳамин ҳол, рӯзи 14-уми апрел Афшин Муқим бо яке аз кормандони масҷид бо номи Неъматулло дар тамос шуда, аз ӯ хоҳиш кард, ки ҳангоми наворбардорӣ маро ҳамроҳӣ кунад. Ба Неъматулло занг задам, гуфт, ки ба ман кумак мекунад, аммо вақте ба масҷид расидам, ин мард аллакай ба зангҳои ман ҷавоб намедод.
Дар ин ҳол, пулис аккредитатсияи ВКХ-ро эътироф накард. Як пулисе, ки дар тан либоси хидматӣ дошт, дағалона гуфт, “ин ҷо чунин одамони калон ҳастанд, вазирон меоянд ва агар ба кадри шумо дохил шаванд, медонед, чӣ мешавад? Ин аккредитатсияи шумо ягон маъно надорад”.
Дар мавриди иҷозати Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо боз ҳам дағалона гуфт: “Кумитаи дини ту да иҷа хичкаай!”
Чунин муносибати дағалонаро дида хостам гӯшаки телефонро бардошта, аз ҳодисаи рухдода чанд акс гирам ва сӯҳбатамонро сабт кунам. Гуфтам, ки ман ӯро аксбардорӣ мекунам ва агар чизе мегуфта дошта бошад, менависам ва баъд ба мақомоти дахлдор шикоят мекунам. Аммо як пулис телефонамро гирифта, маро тела дод. Баъдан ӯ таҳқиромез ва дағалона телефони маро “кофта”, хост аксҳоро нест кунад.
Шахси сеюм, ки дар тан либоси шаҳрвандӣ дошт, таҳдид кард, ки агар зуд аз он ҷо набароям, маро 15 рӯз боздошт мекунад ва “дигар дар бораи наворбардорӣ фикр намекунам ва доно мешавам”.
Ҳамзамон, бо зӯр ҳуҷҷатҳои маро аз дасташ кашида ба зердастонаш фармуд, ки онҳоро аксбардорӣ кунанд.
Дар ин вақт дигар тобеонаш маро дар муҳосира нигоҳ медоштанд, яке дар пеш, дигаре аз пасам, мисли ҷинояткор гирдамро гирифта буданд.
Масҷид ҷои ҷамъиятӣ аст ва наворбардорӣ дар он набояд маҳдуд карда шавад. Пулис бояд тартиботи ҷамъиятиро таъмин кунад. Аммо дар ин маврид ба фаъолияти касбии журналистии ман дағалона дахолат карда, ҳуқуқи манро барои дастрасӣ ба иттилоот маҳдуд карданд. Дар баробари ин бо кирдори худ шаъну шарафи маро, хамчун зан дар байни садҳо нафари дигар паст заданд”.
Нурангез Рустамзода бо нигаронӣ мефзояд, ки “оё воқеан кормандони баландпояи милиса меъёри қонун ва маданияти муомила бо шаҳрвандонро намедонанд?! Чаро аккредитатсияи мақомоти дигари давлатӣ - Вазорати корҳои хориҷӣ ва Кумитаи динро эътироф намекунанд?!”.
Ин рӯзноманигор рӯзи 17-уми апрел ба Вазорати корҳои хориҷӣ, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон аризаи шикоятӣ навишта ирсол кардааст. Дар мактубҳо дар бораи ин ҳодиса гуфта ва хоҳиш кардаааст, ки “ин қазия таҳти назорати шахсии Озода Раҳмон (раиси Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон) гирифта шавад”.
ВКД посух намедиҳад
Хабаргузории “Азия-Плюс” дирӯз хостори тавзеҳи пулис ва ВКД-и пойтахт шуд, аммо натиҷа надод.
Имрӯз сардори маркази матбуъотии ВКД Нусратулло Маҳмадзода ба хабарнигори “Азия-Плюс” гуфт, “аз рафти тафтишот хабар надорам, маълум нест, ки шахсияти ин кормандон муайян шудааст ё на”.
Маҳмадзода пешниҳод кард, ки маълумоти муфассалтар аз Раёсати ВКД-и пойтахт гирифта шавад. Аммо мо натавонистем шарҳи мақомотро бигирем.
Худи Нурангез ба “Азия-Плюс” гуфт, шоми 17-уми апрел кормандони пулис ба ӯ занг зада, дархост кардаанд, то рафта дар бораи ҳодисаи рухдода муфассалтар нақл кунад.
Пас аз он ки рӯзноманигор ба пулис ҳама чизро нақл кард ва изҳорот навишт, ба ӯ ваъда доданд, ки ҳарчӣ зудтар ҷинояткоронро муайян мекунанд.
Рӯзноманигор мегӯяд, ки дар робита ба қазияаш интизори занги Вазорати корҳои дохилӣ аст. Аммо то ҳол бо ӯ тамос нагирифтаанд ва намедонад, ки тафтишот дар кадом марҳила аст.
Масҷиди асосии пойтахт дар маркази Душанбе воқеъ аст, ки дар он камераи назоратӣ бешубҳа насб шудааст.
Ғайр аз ин, роҳбарони ВКД аллакай медонанд, ки ин ё он коркуни шуъба дар кадом пост хидмат мекунад, вазифаи ӯ дар соати муайяни рӯз дар куҷо аст. Аз ин рӯ, муайян кардани шахсияти афсарони пулис, ки ба рӯзноманигор таҳдид кардаанд, набояд мушкил бошад.