Муҳокимаи парвандаи як подполковник ва 5 ҷавон, ки дар робита ба латукӯби наваскарон ва нашри навори он дар шабакаҳои иҷтимоӣ, як моҳ пештар боздошт шуда буданд, оғоз гардидааст.
Баррасии парванда дирӯз, 23-юми май, аз ҷониби Коллегияи ҳарбии Додгоҳи олии Тоҷикистон ва дар бинои Додгоҳи ҳарбии гарнизони шаҳри Хуҷанд, шурӯъ шудааст. Дар ин бора, Радиои Озодӣ иттилоъ медиҳад.
Подполковник Нузҳат Лазуриев, сардори комендатураи якуми сарҳадии “Ворух”-и қисми ҳарбии 0215 ҚС КДАМ ҶТ, ки латукӯби сарбозон дар он ҷой рух додааст, ба сӯистифода аз мақом ва баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ (моддаи 391, қисми 3, банди “б” Кодекси ҷиноятии ҶТ) айбдор мешавад. Ин банди қонун ҷазо дар намуди аз ҳашт то дувоздаҳ сол зиндонро пешбинӣ мекунад.
Сарбозон Ҷонибек Қосимзода, Фахриддин Азимов, Аъзам Камолов, Маҳмадназар Нозимов, Ҳоҷиакбар Сайфуллоев, ки дар латукӯби сарбозон гумонбаранд, барои “вайрон кардани қоидаҳои оинномавӣ” (қисми 2-и моддаи 373 Кодекси ҷиноятии ҶТ) муттаҳам мешаванд. Барои ин иттиҳом аз панҷ то даҳ сол зиндон муайян шудааст.
Гуфта мешавад, ки панҷ сарбоз муҳлати хидмати ҳарбиро ба поён расонда буданд ва дар хонаҳояшон боздошт шуданд.
Парвандаи мазкурро додситони низомии Суғд давоми қариб як моҳ таҳқиқ кардааст.
Назари сарбозону афсари боздоштшуда ва наздиконашон дар робита бо парванда дастрас нест.
Ёдовар мешавем, ки як моҳ пеш навори видеоӣ, ки саф кашидани чанд сарбоз ва бадрафторӣ ё меҳтарсолорӣ нисбати наваскаронро намоиш медиҳад, ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт ва боиси эътирози ҷиддии корбарони интернетӣ гардид.
Пас аз нашри мавод дар шабакаҳо корбарони зиёд аз латукӯб ва бадрафторӣ дар сафи артиш ёдовар шуда, аз он бо шеваи тунд интиқод карданд ва аз мақомоти масъули кишвар дархост карданд, ки ҳодиса таҳқиқ гардида, гунаҳкорон муҷозот шаванд. Ҳамчунин, аксари корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ талаб намуданд, ки минбаъд пеши роҳи меҳтарсолорӣ ва бадрафторӣ дар артиш гирифта шавад ва барои такрор нашудани чунин ҳолатҳо тадбирҳои зарурӣ андешида шавад.
Пас нашри навор, Додситони кулли Тоҷикистон хабар дод, ки вобаста ба ин ҳодиса прокуратураи ҳарбӣ 5 нафар хидматчиёни ҳарбии дар ин амал дастдошта ва подполковник Нузҳат Лазуриев, сардори комендатураи якуми сарҳадии “Ворух”-и қисми ҳарбии 0215 ҚС КДАМ ҶТ-ро боздошт кардааст.
Маълум гардид, ки ҳодиса тахминан рӯзи 15 декабри соли 2022 қисми ҳарбии 0215 Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ рух додааст.
Бадрафторӣ ё “дедовшина” дар артиши Тоҷикистон дарди куҳна аст. Ҳар чанд вақт хабарҳо дар бораи захмӣ шудан ё фавти сарбозон дар натиҷаи “дедовшина” ба расонаҳо роҳ меёбад. Ҳукумати Тоҷикистон моҳи октябри имсол ба Созмони Милалли Муттаҳид (СММ) гуфтааст, аз соли 2019 то 2021 ва сабаби “риоят нашудани оинномаи низомӣ” бештар аз 100 сарбоз ба ҳалокат расидаанд.
“Поям дард мекунад”. Дар Хуҷанд қариб 50% автобусҳо аз ҳаракат бозмондаанд
Вазорати маориф: Баъди марги кӯдаки даҳсола дар Ваҳдат директори мактаб аз вазифа барканор шуд
Қариб 600 муҳоҷири ихроҷшуда дар Тоҷикистон бо кор таъмин шудаанд
“Зоҳиран ба ҷинояткор монанд будааст” Шикояти рӯзноманигор ба додситонӣ аз рафтори ғайриқонунии корманди милитсия нисбати фарзандаш
Огоҳӣ ба операторон: барои алоқаи пастсифат ҷарима ё иҷозатномаатон бозхонд мешавад
Табибони чинӣ дар Тоҷикистон қалби даҳҳо нафарро ройгон ташхис карданд
"Мо ба касе паёмак ирсол накардаем". Ҳушдори "Почтаи тоҷик" аз қаллобон
Озмуни “Беҳтарин ҳамсар”. Интихоб чӣ гуна сурат мегирад ва ғолиб чӣ тавр муайян мешавад?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Аз хиёл то ҳақиқат”
Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар ҳамоиши СААД ба Остона рафт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста