Ду гумонбари дигар ба рабудан ва куштори Шуҳрат Исматуллоев, бонкдори шинохта ва муовини собиқи раиси “Ориёнбонк” дар Русия боздошт шудаанд. Дар ин бора Вазорати корҳои дохилаи Русия иттилоъ додааст.
Ба гуфтаи манбаъ, дирӯз, 29-уми август, вазирони корҳои дохилаи Тоҷикистону Русия Рамазон Раҳимзода ва Владимир Колоколтсев дидору гуфтушунид карданд.
Владимир Колоколтсев аз таҳкими ҳамкории судманди ду вазорат дар соли равон ҳарф зада, аз амалиёти байнидавлатии оперативӣ-пешгирикунандаи “Ҷустуҷӯ” мисол овардааст.
“Дар натиҷаи чорабиниҳои муштарак ду гумонбар дар куштори яке аз бонкдорон дар Тоҷикистон боздошт шуданд”, - гуфтааст Колоколтсев.
Аммо ному насаби ду гумонбар дар куштори бонкдори тоҷик дар хабар гуфта нашудааст.
Ду рӯзи пеш ВКД-и Тоҷикистон хабар дод, ки Рамазон Раҳимзода дар доираи сафари кориаш ба Русия масъалаи дастгир кардани Дилшод Саидмуродовро дар мулоқот бо ҳамтои русаш Владимир Колоколсев ба миён хоҳад гузошт.
Дилшод Саидмуродовро мақомоти Тоҷикистон саркардаи гурӯҳи ҷиноие медонанд, ки Шуҳрат Исмадуллоевро рабудаанд. Ба қавли мақомот, ӯ гурӯҳи ҷиноиро роҳбарӣ карда, пас аз рабудану ба қатл расонидани бонкир ба Русия фирор кардааст.
Вақтҳои охир дар расонаҳо хабарҳое нашр гардиданд, ки гӯё Дилшод Саидмуродов пас аз фирор ба ҳайати “Вагнер” пайваста, талош дорад “баталйони тоҷикӣ” таъсис диҳад.
Вале Рамазон Раҳимзода дар нишасти матбуотии ахираш гуфта буд, ки Дилшод Саидмуродов ва ҳамтоёни ӯ дар куҷое набошанд, дар кадом созмоне ворид навашанд, дар ҳамкорӣ бо ҳамтоёни хориҷии худ, онҳоро дастгир мекунанд.
Ҳоло маълум нест, ки яке аз ин ду нафари гумонбарони қатли Шуҳрат Исматуллоев – Дилшод Саидмуродов ҳаст ё не.
Дар Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба тамосҳои пайдарпайи мо ҷавоб надоданд, то дар ин робита маълумот дарёфт кунем.
Ба иттилои Додситонии кулли Тоҷикистон, Шуҳрат Исматуллоевро як гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ, иборат аз 10 нафар дуздида, то соати 03:00 бо истифода аз электрошокер, автофен ва дигар таҷҳизот шиканҷа карда, ба қатл расонидаанд.
Гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ, баъди рабудан, шиканҷа ва куштор, ҷасади Шуҳрат Исматуллоев ва автомашинаашро ба дарёи Зарафшон партофта буданд.
“Худи ҳамон рӯз ҷинояткорон Саидмуродов Д.Ҳ. ва Ахмедов А.А. ба Федератсияи Россия, Хӯҷаев Ш.Х. ба Ҷумҳурии Туркия ва Ашӯров Р.К. 25 июн ба Ҷумҳурии Туркия ва 30 июн ба Ҷумҳурии Молдова фирор намудаанд”, - хабар медод Додситонии кулл.
Пеш аз ин хабаре нашр гардида буд, ки Рустам Ашӯров, яке аз аъзоёни гуруҳи ҷинотяӣ рӯзи 30-юми июн вақте барои убури марз ва ворид шудан ба давлати Молдова посухи рад гирифт, ду афсари амнияти фурудгоҳи Кишинёвро бо истифода аз силоҳи худи онҳо ба қатл расонид. Ҳангоми амалиёти дастгиркунии мақомоти Молдова худи Рустам Ашӯров низ захмӣ ва дертар дар беморхона ҷон дод.
Баъди ин, Додситони кул рӯзи 7-уми август хабар дод, ки Бахтовар Сафаров, як гумонбари дигар дар рабудан ва куштани Шуҳрат Исматуллоев дар Туркия боздошт ва ба Тоҷикистон истирдод шуд.
Юсуф Раҳмон, додситони кулли кишвар дар нишасти матбуотӣ гуфт, дар пайи қазияи рабуда ва кушта шудани Шуҳрат Исматуллоев 16 нафар гумонбар буда, то ба ҳол 13 нафари онҳо дастгир шудаанд.
Ёдовар мешавем, ки ҷасади Шуҳрат Исматуллоев пас аз ду моҳи ҷустуҷӯ аз дарёи Зарафшон дар шаҳри Панҷакент пайдо шуд ва зуҳри имрӯз, 30-юми август дар Душанбе ба хок супорида мешавад.
“Сиёсатмадор барои худ - на, барои миллат кор мекунад...” Нигоҳе ба 101-соли Низорамо Зарифова
Як ҳафта танаффус. Дастикам 30 нафар алайҳи чеҳраҳои боздоштшуда шаҳодат додаанд
Чӣ гуна чангу ғубор ба пиряхҳои Тоҷикистон таъсир мерасонанд?
Ҳайати ҳукумати “Толибон” дар Ӯзбекистон. Онҳо аз Самарқанду Бухоро дидан кардаанд
Оғози мавсими “шикор”-и хлопушка. Мусодираи беш аз 21 ҳазор маводи тарфгарӣ дар Суғд
Якбора 3 размикори тоҷик соли 2025-ро бо рақобатҳои нав оғоз мекунанд. Ҳарифонашон кистанд?
Боздошти як зан дар Зафаробод бо гумони қатли фарзанди “угаяш”
"Боим" дар Туркия боздошт ва ба Тоҷикистон оварда шудааст. Ӯ кист?
Дар Шуғнон як мошин ба дарё чапа шудааст. КҲФ ҷасади ронандаро меҷӯяд
Ашёи муҳим барои саноати ҳарбӣ. Тоҷикистон дар истеҳсоли сурма метавонад пешсаф шавад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста