Як сокини шаҳри Душанбе барои ба ҳаҷ фиристодани 43 нафар наздики 40 ҳазор доллар гирифта, вале онҳоро ба ҳаҷ нафиристодааст. Дар ин бора Додситонии шаҳри Душанбе хабар медиҳад.
Ин ниҳод аз ин зан Саида Каримзодаи 32-сола зодаи шаҳри Кӯлоб ва сокини ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ном бурдааст.
Ба иттилои манбаъ, номбурда бо мақсади тасарруфи молу мулки ғайр бо роҳи фиреб ва сўиистифода аз боварӣ 43 шаҳрванди Тоҷикистонро фиреб додааст.
Аз ҷумла, моҳи марти соли 2023 аз Ҷумаев Ҷума 94 ҳазор сомонӣ ва 15 ҳазор доллар гирифта, ваъда додааст, ки ӯ ва ҳамсарашро ба зиёрати Каъба мефиристад. Вале бинобар сабаби набудани ҷой онҳоро ба ҳаҷ равон карда натавонистааст.
“Саида Каримзода шаҳрванд Ҷума Ҷумаев ва ҳамсарашро ба зиёрати ҳаҷи фарзӣ равон накарда, аз баргардонидани маблағҳо саркашӣ намуда, бо ин кирдораш ба номбурдагон зарар ба маблағи 94000 сомонӣ ва 1500 доллари ИМА ба миқдори махсусан калон расонидааст”, - навиштааст Додситонии шаҳри Душанбе.
Ӯ инчунин, аз 42 шаҳрванди дигари Тоҷикистон бо ваъдаи фиристодан ба ҳаҷ дар маҷмуъ, 27 ҳазору 500 доллар гирифта, онҳоро ба ҳаҷ нафиристодааст ва ҳамин тариқ, маблағашонро барнагардонидааст.
Ин ниҳод гуфтааст, нисбати Саида Каримзода барои қаллобӣ ба миқдори махсусан калон (моддаи 247, қисми 4, банди “б”-и Кодекси ҷиноятии ҶТ) парванда боз шуда, ӯ дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.
Ин банди қонунгузорӣ аз 100 то 150 ҳазор сомонӣ ҷарима ва аз 8 то 12 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.
Назари худи Саида Каримзода, вакили дифоъ ва навздикони ӯ маълум нест.
Дар соли равон ӯ ягона нафаре нест, ки бо баҳонаи фиристодан ба сафари ҳаҷ шаҳрвандонро фиреб медиҳад.
Қаблан Фирдавс Фирдавсови 19 сола ва Навруз Ҳасанови 25 сола, сокинони шаҳри Душанбе ҳам бо мақсади ба даст овардани молу мулки ғайр бо роҳи фиреб ва сӯиистифодаи боварӣ ба эътимоди шаҳрвандони Тоҷикистон даромада, барои фиристонидани онҳо ба зиёрати ҳаҷи фарзӣ дар соли 2023 “маблағҳои гуногун”-ро тасарруф намуда буданд.
Аз ин бештар, як сокини 30-солаи ноҳияи Фархор ҳам ба гумони даст доштан дар қаллобӣ боздошт шуда буд: ба ивази 180 ҳазор сомонӣ ӯ ба 2 нафар ваъда дода буд, ки ба онҳо дар адои маросими ҳаҷ ёрӣ мерасонад, лекин ба ваъдааш вафо накард.
Қасри фарҳанги ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ба номи Давлатманд Холов гузошта шуд
“Забон ёфтем”. Содир Жапаров гуфт, қитъаҳои мавриди баҳс бо Тоҷикистон “50 ба 50 тақсим шуданд”
“Тоҷикистон ҷонибдори рафъи маҳдудиятҳо аст.” Қоҳир Расулзода дар ҷаласаи сарони кишварҳои ИДМ дар Маскав чӣ гуфт?
ТОП-7 меваи Тоҷикистон, ки дар соли 2024 аз ҳама бештар содир шудааст
Гузоришгарони бидуни марз: Дар соли 2024 дар саросари ҷаҳон 54 хабарнигор кушта шудаанд
Дар Тоҷикистон мақоми Ваколатдори нав таъсис дода мешавад
Боздошти ҷавони 18-сола бо гумони куштори як сокини Ҳисор
Дар Тоҷикистон беш аз 1 млн тонна картошка истеҳсол шуд, лекин чаро он арзон нест?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Се моҳӣ дар обгир”
СУБҲ БА ХАЙР, ТОҶИКИСТОН! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 декабри соли 2024
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста