Кормандони милитсия дар шаҳри Душанбе Тоиршоҳ Катамардовро ба гумони даст доштан ҷиҳати ба муомилот баровардани пулҳои қалбакии доллар боздошт намуданд. Дар ин бора Раёсати ВКД- и пойтахт хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, гумонбаршаванда бар ивази маблағи қарз ба як нафар ҷавони сокини пойтахт 11-адад купюраи 100-доллараи қалбакӣ пардохт намуда, ӯро фиреб кардааст.
“Дар натиҷаи пешбурди тафтишоти пешакӣ муайян гардид, ки номбурда асъори қалбакии доллари амрикоиро тавассути як нафар ҳаммаслакаш аз хориҷи кишвар ба Тоҷикистон ворид намуда, бо мақсади ба даст овардани маблағи муфт онро ба муомилот баровардааст, - омадааст дар хабари Раёсат. - Ҳамзамон зимни кофтуков аз ҷайби номбурда 21-адад купюраҳои 100-доллараи қалбакӣ дарёфту мусодира карда шуданд”.
Аз дигар ҷузъиёти ин масъала хабар дода намешавад.
Айни замон Катамардов дар ҳабс қарор дошта, нисбати ӯ аз рӯи моддаи 281 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон (Тайёр кардан ё ба муомилот баровардани пул ё коғазҳои қиматноки қалбаки (сохта) парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.
Дар ин модда ҷазои маҳрумият аз озодӣ ба муҳлати аз 5 то 8 сол бо мусодираи молу мулк пешбинӣ шудааст.
Ғайр аз ин, кормандони милитсия дар шаҳри Душанбе шаҳрванди Ибодулло Саидовро ба гумони даст доштан дар тайёр кардан ва ба муомилот баровардани пули қалбакии сомонӣ боздошт карданд.
“Номбурда қаблан 3-маротиба суд шуда, беш аз 25-соли умри худро дар маҳбас сипарӣ карда бошад ҳам вале ба худ хулосаи зарурӣ набароварда, ба чунин ҷинояти махсусан вазнин даст задааст”, - омадааст дар хабар.
Бино ба маълумоти мақомоти милитсия, ӯ муддати ду моҳ пулҳои қалбакӣ, асосан бо арзиши 50 сомонӣ тайёр мекардааст.
Нисбат ба Саидов низ мутобиқаи моддаи 281 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст. Дар сурати такроран содир шудани ин ҷиноят шаҳрванд бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз 8 то 12 сол бо мусодираи молу мулк ҷазо дода мешавад.
Рӯзҳои истироҳатӣ дар кишвар ҳаво якбора сард шуда, борону барф меборад
Парвози аввалини хатсайри Душанбе – Панҷакент бори дигар ба таъхир гузошта шудааст
“Ҳамос” ва Исроил созиши оташбасро имзо карданд
Масъуд Пизишкиён аз Душанбе ба Маскав рафт
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Шутур ва ҳаммоми маҳалла”
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 январи соли 2025
“Тоҷикистону Эрон ба ҳам ниёз доранд”. Таҳлилгари тоҷик пасманзари сафари Пизишкиён ба Душанберо шарҳ дод
Пагоҳ субҳ Масъуд Пизишкиён аз Тоҷикистон меравад. Ҳаракат дар кадом роҳҳо маҳдуд мегардад?
Дар Ӯзбекистон барои рондани скутер “права” доштан ҳатмӣ шуд. Дар Тоҷикистон ва кишварҳои дигари ҳамсоя чӣ?
Дар Душанбе ҳисобкунакҳои барқии ҳушманд насб мекунанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста