Муовини додситони вилояти Хатлон Ҳамзаалӣ Музофирзода зимни нишасти матбуотии рӯзи 23 июл изҳор намуд, ки мурофиаи парвандаи таркиши мошини раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) дар шаҳри Кӯлоб Салим Сайвализода моҳи август ба охир мерасад.
“Ман шахсан дар парванда ба сифати айбдоркунандаи давлатӣ ҳузур дорам. Айни замон мурофиа аз рӯи парванда дар арафаи анҷомёбист: танҳо шунидани суханҳои охирини айбдоркунандагон ва содир шудани қарори додгоҳ боқӣ мондааст”, - иброз дошт ӯ.
Ба гуфтаи додситон, аз рӯи ин парванда 9 нафар ба ҷавобгарии ҷиноятӣ ҷалб карда шудаанд.
“Ҳамаи онҳо ба гуноҳашон иқрор шуда, изҳори пушаймонӣ карданд. Аз 9 нафари айбдоршаванда 8 нафар мард ва 1 нафарашон зан мебошанд. Роҳбари гурӯҳ - Маҷидзода (номаш зикр нашуд - Эзоҳи идора). Зан ҳамсараш аст, ки парчами “Давлати исломӣ”-ро дӯхта, бо дигар аъзои гурӯҳ ҳамкорӣ мекард. Нисбати ӯ бо моддаи 307 Кодекси ҷиноятии ҶТ (даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ) парвандаи ҷинятӣ боз шудааст”, - зикр кард Музофирзода.
Ёдрас мекунем, ки рӯзи 5 январи соли равон дар деҳаи Тӯдакафш мошини хидматии Салим Сайвализода дар назди хонааш таркида, дар натиҷа ӯ ҷароҳат бардошт. Мақомот аз маҳалли ҳодиса “боқимондаи маводи худсохти тарканда” пайдо кардаанд.
Моҳи феврал вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода ба рӯзноманигорон хабар дод, ки аз рӯи ин парванда гумонбарони зиёд дастгир шудаанд, вале бинобар сабаби сирри тафтишот аз шумораи муайян ном набурд.
Баъдтар маълум шуд, ки ҳамаи боздоштшудагон сокинони шаҳри Кӯлоб будаанд.
Аз “Чаҳоршанбе сурӣ” то “Деги дарвешон”. Анъанаҳои Наврӯзие, ки дар Тоҷикистон фаромӯш мешаванд
Роҳҳо баста ва дар ҳаракат маҳдудият ҷорӣ мешавад. Суғд ба ташрифи Мирзиёев ва Жапаров омода мешавад
Ҳукумат беш аз 230 ҳазор сомонӣ қарзи як корхонаро бахшид
Азсаргирии ҳамлаи Исроил ба Ғазза: Теъдоди ҷонбохтагон аз 50 ҳазор зиёд ва роҳбарони калидии ҲАМОС кушта шуд
Шаҳрдори боздоштшудаи Истанбул номзад ба курсии президенти Туркия шуд
Талаби ҳукумат аз муҳоҷирон: Нафақа мехоҳед, андоз супоред!
Расму ойини наврӯзӣ дар Тоҷикистон
Боздошти кирокаше дар Душанбе баъди шикояти сайёҳи эронӣ
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 марти соли 2025
Нахустин ҷашни расмии Наврӯз дар Душанбе
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста