Додситонии вилояти Суғд нисбати як сокини шаҳри Бӯстон ва як ноболиғ аз шаҳри Хуҷанд барои тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн кардани хабарҳои беасос оид ба ҳодисаҳои куштору ғоратгарӣ дар шаҳри Конибодом ва гӯё мушоҳидаи ҷинояткорон дар шаҳрҳои Хуҷанду Бӯстон парванда боз намудааст.
Фурқат Хоҷазода, додситони вилояти Суғд зимни нишасти матбуотӣ гуфт, онҳо моҳи июн, вақте, ҷомеаро хабарҳо оид ба кушторҳои пурасрор дар шаҳри Конибодом ба таҳлука андохта буд, тавассути шабакаҳои иҷтимоии Фейсбук ва Инстаграм хабарҳои беасос оид ба пайдо шудани ҷинояткорон дар шаҳрҳои Хуҷанду Бӯстонро паҳн кардаанд.
Бояд гуфт, тибқи иттилои баъзе аз сокинони шаҳри Конибодом, аз оғози баҳор дар ин шаҳр 15 узви 5 оила ба таври пурасрор кушта шуда, ҷинояткорон боздошт нашудаанд. Дар чунин ҳолат ва бинобар адами маълумоти расмӣ ҷомеа дар ҳолати ҳарос қарор гирифта буд. Бо гузашти чанд моҳ, ВКД ҷузъиёти ин ҳодисаҳоро шарҳ дода, гуфт, ки “ягон ҳангомаи зиёдатӣ нест, кушторҳои муқаррарӣ аст”.
Ҳамин тавр, ба иттилои Фурқат Хоҷазода, яке аз нафароне, ки ба паҳн кардани хабари беасос муттаҳам аст, Н.К. як сокини 35 –солаи шаҳри Бӯстон будааст. Ӯ бо мақсади ҷалби таваҷҷуҳ ва зиёд кардани обуначиёни худ, хабарҳои беасосро паҳн кардааст. Нисбати ӯ бо моддаи 374, иловаи 1-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парванда боз шудааст.
Маълум нест, ки парванда нисбати Н.К. дар кадом марҳила қарор дорад ва оё ба додгоҳ ирсол шудааст ё не.
Ин банди Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷарима ба андозаи аз даҳ то бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо (соли ҷорӣ як нишондиҳанда 72 сомонӣ аст) ё ҳабси маъмурӣ ба муҳлати аз даҳ то понздаҳ шабонарӯзро пешбинӣ мекунад.
Нафари дуюм бошад, ноболиғ М.М. буда, ӯ аз шаҳри Хуҷанд аст. Ӯ низ барои паҳн кардани хабари беасос тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ муттаҳам мешавад. Ба қавли додситони вилояти Суғд, бо назардошти ноболиғ будани ӯ, нисбати волидонаш бо моддаи 90-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои “Иҷро накардани уҳдадорӣ оид ба таълиму тарбияи кӯдак” парванда боз шудааст.
Боз ҳам маълум нест, ки парванда нисбати волидони М.М. дар кадом марҳила қарор дорад ва оё ба додгоҳ ирсол шудааст ё не.
Ин банди Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷарима ба андозаи аз понздаҳ то бист нишондиҳанда барои ҳисобҳоро пешбинӣ мекунад.
Ёдовар мешавем, ки ин аввалин ҳолати муҷозоти сокинон “барои паҳн кардани хабарҳои беасос” дар кишвар нест. Моҳи апрели соли ҷорӣ низ Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ду сокини пойтахтро барои паҳн кардани хабари беасос оид ба “рабудани кӯдак ва гирифтани узвҳои ӯ” муҷозот карда буд.
Рӯзи омӯзгорон. Сокинон дар бораи муаллими худ чӣ мегӯянд?
Адабиёт, мактаб ва расонаву филмҳо. Чӣ гуна забони меъёри тоҷикиро оммавӣ кунем?
"Шуълаи орзу". Филми мустанад дар бораи ҷавоне, ки мушкилиҳои зиндагӣ ӯро қаҳрамон кард
Истаравшан шаҳри умумиҷаҳонии ҳунармандӣ шуд. Ин шаҳр бо чӣ машҳур аст?
Ду медали Тоҷикистон дар мусобиқоти ҷудои ҷаҳон миёни ҷавонон
“Мехост хонаи давлатиро хусусӣ кунад” Ҷузъиёти боздошти роҳбари дастгоҳи шаҳри Истиқлол
Парлумони Тоҷикистон тартиби соддакунии ҳамлу нақли борро бо Ӯзбекистон тасдиқ кард
“Пул надоштам”. Милитсияи пойтахт навори ҷузъиёти ҳамла ба ронандаи “Як такси”-ро нашр кард
Нашри китоб дар бораи таърихи ҷанги шаҳрвандӣ ва корномаи Эмомалӣ Раҳмон бо забони арабӣ дар Миср
"Ба ихроҷ омода шавед". Дар Русия амалиёти “Нелегал-2024” мегузарад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста