Мақомоти Эрон чаҳор шаҳрванди Тоҷикистонро, ки ба дасти гуруҳи қочоқбарони инсон гаравгон афтода буданд, озод кардаанд. Дар ин бора хабаргузории “Меҳр” бо такя ба раиси шуъбаи тафтишоти пулиси Теҳрон, сарҳанг Алӣ Валипур Гударзӣ хабар дода, менависад, ки гаравгонҳо ба сурати қонунӣ вориди Эрон шудаанд. Шаҳвандони Тоҷикистон қасд доштаанд, ки бо кумаки қочоқчиёни инсон ибтидо ба кишварҳои Аврупо ва баъдан ба Амрико раванд.

Аммо, ба гуфтаи манбаъ, пас аз расидан ба Теҳрон қочоқбарони инсон онҳоро рабуда, дар ивази озодияшон маблағи калон талаб кардаанд.

“Дар ҷараёни амалиёт пулис рӯзи чаҳоршанбе, 14 август, соати 19:00 паноҳгоҳи ҷинояткорон ва макони нигоҳдории рабудашудаҳоро яке аз шаҳристонҳои устони Теҳрон шиносоӣ кард”, - баён доштааст Алӣ Валипур.

Ӯ гуфтааст, дар ҷараёни амалиёт ҳар чаҳор гаравгон бидуни осеб озод гардида, 5 нафар аз қочоқбарон боздошт гардиданд. Ба гуфтаи ӯ, боздоштшудаҳо шаҳрвандони Эрон набудаанд. Ҳангоми амалиёт, тибқи иттилои хабаргузории ИРНА ду ва тибқи иттилои хабаргузории “Меҳр” се қочоқгар, ки бо таҳдиди силоҳи сард қасди ҷони гаравгонҳоро доштаанд, мавриди ҳадаф қарор гирифтаанд.

Алӣ Валипур Гударзӣ
Хабаргузории "Меҳр"

Дар ҳамин ҳол, Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 15-ум август озод шудани гаравгонҳоро тасдиқ карда, аз онҳо Абдураҳмонов Х.Х., Бозоров А.А., Назаров Ҳ.А. ва Ғайратзода А.Н. ном бурдааст. Ба навиштаи ВКД, шаҳрвандони Тоҷикистон бо роҳи қаллобии интернетӣ аз ҷониби гурӯҳҳои муташаккили ҷоноӣ ба Теҳрон бурда шуда, дар он ҷо бо мақсади ба даст овардани маблағи калон ба гарав гирифта шудаанд.

Аммо ВКД нагуфтааст, ки онҳо кай ба Теҳрон рафтаанд ва чанд вақт гаравгон будаанд. Назари худи гаравгонбудаҳо ва хешовандонашон ҳам дастрас нест.

Вазорати корҳои дохилӣ аз шаҳрвандон хостааст, ки ҳангоми истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ эҳтиёткор бошанд ва ба ҳар гуна эълону пешниҳодҳо дар бораи гирифтани раводид барои сафар ба кишварҳои хориҷӣ бовар накунанд. 

Прокуратураи генералии Тоҷикистон низ рӯзи 15 август бо пахши як эъломия аз шаҳрвандон хоҳиш кард, ки ба таблиғҳои таъмини ҷойи кор дар хориҷа бовар накунанд.

Ба навишти дафтари матбуотии ин ин ниҳод, дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз тарафи шахсони алоҳида ва ширкатҳои гуногун ҳар гуна таблиғот “вобаста ба  таъмини  ҷойи кор дар давлатҳои хориҷӣ, бахусус Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Канада ва Британияи Кабир зиёд гардидаанд”.

Зикр шудааст, ки ин таблиғот асоси воқеӣ надошта, аз тарафи шахсони алоҳида ва ширкатҳои гуногун бо мақсади ба даст овардани маблағҳои пулии шаҳрвандон нашр шудаанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.