Сокинони Тоҷикистон аксар вақт шикоят мекунанд, ки ба ҳолатҳои аз ҷониби намояндагони милитсия ё мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бе шарҳи сабаб ва риояи расмиёти қонунӣ гирифтани телефонҳояшон барои тафтиш дучор мешаванд. Дар чунин ҳолатҳо ҳуқуқ ва дахлнопазирии моликияти шахсӣ риоя намешавад.

«Азия-Плюс» тасмим гирифт, ки ин маводро омода кунад, то ба шаҳрвандон дар фаҳмидани ҳуқуқҳо ва ҳимояи худ дар чунин ҳолатҳо кумак расонад. Ба саволҳо ҳуқуқшиносони ташкилоти «PRO BONO DE JURE» ҷавоб медиҳанд.

Дар кадом ҳолатҳо милитсия ё намояндагони мақомот телефонро гирифта метавонанд?

Милитсия ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ телефонро танҳо дар доираи парванда ё мурофиаи маъмурӣ ё ҷиноятӣ гирифта метавонанд. Ин дар ҳолате имкон дорад, ки агар телефон предмет (чиз, ашё)-и қонуншиканӣ бошад ё дар бораи ҷиноят маълумот дошта бошад.

Барои мусодира (гирифтан) ва азназаргузаронӣ ё санҷидани телефон қарори додгоҳ (суд) лозим аст.

Оё милитсия ё намояндагони мақомот метавонанд бидуни ордер дастрасӣ ба телефонро талаб кунанд?

Барои азназаргузаронӣ ё санҷиши телефон қарори додгоҳ зарур аст. Ин бояд танҳо дар доираи тафтишоти пешакӣ пас аз оғози парвандаи ҷиноятӣ сурат гирад.

Онҳо ҳамту бидуни сабаб наметавонанд дастрасӣ ба телефонро зимни суҳбат талаб кунанд.

Ҳамаи кафолатҳои дахлнопазирии ҳаёти шахсӣ ва оилавӣ ба телефон ҳам дахл доранд, зеро дар он маълумоти шахсӣ (сурат, видео, мукотиба ва ғайра) ва маълумот доир ба суратҳисобҳои шахсӣ ҳифз мешавад (моддаи 23 Конститутсияи Тоҷикистон).

Қонун ҳамчунин сирри мукотиба, гуфтугӯ ва хабарҳои телефониро, ки дар телефон нигоҳ дошта мешаванд (мактубҳои электронӣ, сабти зангҳо, паёмакҳо (смс), ҳифз мекунад - моддаи 14 Кодекси мурофиавии ҷиноятии ҶТ.

Оё милитсия ё намояндагони мақомот метавонанд маро маҷбур кунанд, ки телефонамро боз кунам?

Не, онҳо наметавонанд шуморо маҷбур кунанд, ки телефонатонро ҳамту дар кӯча боз намоед. Ҳатто дар доираи парвандаи маъмурӣ ё ҷиноятӣ, милитсия ба ин кор ҳақ надорад. Ин ба он вобаста аст, ки Констиутсия ва Кодекси маданӣ (гражданӣ) ҳуқуқи озодиҳои шумо, аз ҷумла ҳуқуқи бар зидди худ ё наздикон баёнот надоданро ҳифз мекунад.

Аз ин рӯ, агар аз шумо дархост намоянд, ки телефонатонро кушоед, шумо метавонед онро рад кунед ва ин дар доираи ҳуқуқҳои шумост.

Кормандони милитсия дар Душанбе
Сурат: Asia-Plus

Чӣ кор бояд кард, агар милитсия шаҳодатномаашро нишон надиҳаду амалҳои худро шарҳ надиҳад?

Агар милитсия ё дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ шаҳодатномаашонро нишон надиҳанду рафторашонро шарҳ надиҳанд, шумо бояд аз ҳуқуқҳои худ ҳимоя кунед. Ба таври хаттӣ ё тариқи телефон (+992 37) 2351111 ба Прокуратуаи генералии Тоҷикистон шикоят кунед.

Ҳамчунин бо истифода аз телефони фаъоли 221-21-21 шумо метавонед ба ВКД арзу шикоят кунед. Муроҷиати шумо ба қайд гирифта шуда, баррасӣ хоҳад шуд.

Агар ман телефонамро надиҳам, барои ин ба ман ягон масъулият пешбинӣ шудааст?

Не, барои рад кардани додани телефон масъулият пешбинӣ нашудааст. Агар телефон ба ҷиноят ё қонуншиканӣ алоқаманд бошад, онро тибқи қонун бидуни розигии шумо гирифта, дар бораи гирифтани он протокол тартиб медиҳанд.

Агар шумо пас аз шарҳи сабабҳо ихтиёрӣ телефонатонро диҳед, ин метавонд ҳамкорӣ бо мақомоти тафтишот шуморида шуда, вазъи шуморо сабуктар мекунад.

Оё ман метавонам дастрасӣ ба телефонро бе адвокат рад кунам?

Бале, метавонед. Дар ҳама гуна ҳолат, хоҳ санҷиши маъмурӣ ва парвандаи ҷиноятӣ бошад, шумо ба ҳимояи адвокат ҳуқуқ доред. Аз ин рӯ, агар шумо ба телефон дастрасӣ додан нахоҳеду ҳоло адвокат ндошта бошед, ба ин комилан ҳуқуқ доред.

Милитсия ё намояндагони мақомот чӣ қадар вақт телефони маро нигоҳ дошта метавонанд?

Муҳлати нигоҳдории телефон ба сабаби мусодираи он вобаста аст. Агар телефон дар доираи парвандаи маъмурӣ ё ҷиноятӣ гирифта шуда бошад, онро то замони ҳукми қонунӣ гирифтани қарор дар бораи ҷавобгарии маъмурӣ ё ҳукми додгоҳ нигоҳ дошта метавонанд.

Пас аз ин телефон бояд ба соҳибаш баргардонида шавад.

Агар телефон дигар барои тафтишот лозим набошад, бояд барвақттар баргардонида шавад. Агар асосҳои мусодираи он аз байн рафта бошанд, соҳиби он метавонад дар бораи баргардониданаш дархост диҳад.

Агар телефонро ғайриқонунӣ гирифта бошанд, чӣ хел баргардонидан мумкин аст?

Арзу шикоят нависед. Дар он талаби баргардонидани телефонро зикр намоед. Дар ҷавоби саволи 4-ум ба куҷо муроҷиат кардан зикр шудааст.

Ҳуҷҷатҳоро санҷед. Бовар ҳосил намоед, ки мусодираи телефон  бо таҳияи ҳуҷҷатҳои дахлдор сурат гирифтааст. Агар телефон далели шайъӣ бошад, кормандони милитсия уҳдадоранд, ки протокол ва ҳуҷҷатҳо тартиб диҳанд. Бидуни ин ҳуҷҷатҳо мусодира метавонад ғайриқонунӣ эътироф гардад.

Ариза диҳед. Агар мусодира ба таври бояду шояд сурат нагирифта бошад, дар бораи дуздӣ ё баромадан аз ҳадди ваколати мансабии кормандони милитсия ариза нависед. Ин аризаро дарҳол пас аз боздошт ё баъдтар пешниҳод кардан мумкин аст.

Шикоят ба додгоҳ. Нисбати рафтори муфаттиш дар мавриди мусодираи телефон метавонед ба додгоҳ шикоят баред, то ки ин амалҳо ғайриқонунӣ эътироф шаванд (ниг. Боби 14, Моддаи 123 Кодекси мурофиавии ҷиноятии ҶТ).

Рафтори милитсияро дар видео сабт кардан мумкин аст?

Бале, дар қонун сабти видеои рафтори кормандони милитсия манъ нашудааст, аз ҷумла дар ҳолате, ки телефонро мегиранд.

Сурат аз хадамоти матбуоти Акдемияи ВКД ҶТ

Нашр кардани он дар шабакаҳои иҷтимоӣ чӣ?

Нашри видео дар интернет мумкин аст, лекин мебояд дар хотир дошт, ки:

- видео набояд ҳуқуқҳои шахсони хусусиро нақз кунад ё маълумоти шахсии онҳоро ифшо созад;

- аз нашри маълумоте, ки тибқи қонун набояд ифшо гардад, худдорӣ кардан лозим аст.

Ба ин тариқ, ҳарчанд сабти рафтори кормандони милитсия мумкин бошад ҳам, ба нашри чунин видео дар интернет ҷиддӣ бояд муносибат кард, то ки қонунҳо ва ҳуқуқҳои дигар шахсон риоя шаванд.

Зимни гуфтугӯ бо милитсия ё намояндагони мақомот дар кӯча ман ба сурати умум чӣ ҳуқуқҳо дорам?

Ҳуқуқҳои шумо дар ин ҳолат чунинанд:

- Талаб кардани муаррифи ии корманд;

- Нишон додани шаҳодатнома;

- Талаб намудани шарҳи сабаб ва асосҳо. Ммуайян кунед, ки чаро шуморо боздоштанду аз шумо чӣ мехоҳанд;

- Дархост. Хоҳиш намоед, ки барои занг задан ба адвокат вақт диҳанд ва баъдан суҳбатро идома диҳед;

- Хондани протокол. Эзоҳу иловаҳо ворид кунед ва нусхаи онро барои худатон гиред;

- Баёнот додан ё рад кардани он. Шумо метавонед интихоб кунед;

- Гирифтани нусхаи ҳамаи ҳуҷҷатҳо. Бо шумули қарор ва протоколҳо;

- Занг задан ба аъзои оила. Агар зарур бошад, ба онҳо дар бораи ҳолати рухдода хабар диҳед;

- Шикоят бурдан аз болои рафторҳо. Аз болои амал ё беамалии кормандон шикоят кунед.

Чӣ гуна санҷидан мумкин аст, ки шаҳодатномаи корманди милитсия ё намояндаи мақомот ҳақиқӣ аст?

Бовар ҳосил кунед, ки он рақам, сурат, муҳр ва имзо дорад.

Шаҳодатнома бояд ба намунаи муқарраркардаи Вазорати корҳои дохилии кишвар мувофиқат кунад.

Чӣ бояд кард, агар онҳо шаҳодатномашонро нишон надиҳанд?

Агар шаҳодатномаро нишон надиҳанд, дар ин бора ба шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ муроҷиат намуда, ҷузъиёти ҳодисаро шарҳ диҳед.

Кадом амали милитсия ё намояндагони мақомот метавонанд ғайриқонунӣ бошанд?

Агар милитсия ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бидуни асоси қонунӣ амал кунанд, масалан, бидуни қарори додгоҳ, амали онҳо метавонанд ғайриқонунӣ эътироф шавад.

Агар кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ бароянд ва ҳуқуқҳои қонунии шаҳрвандонро риоя накунанд, ин ҳам метавонад хилофи қонун шуморида шавад.

Агар зимни баргузории чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ, боздошт ё дигар амалҳо расмиёти тиқби қонун муқарраршуда рияо нашаванд, амали кормандони милитсия метавонад ғайриқонунӣ ҳисобида шавад.

Кадом қоидаҳо амали мақомоти ҳифзи ҳуқуқро танзим мекунанд?

Конститутсияи Тоҷикистон ҳуқуқ ва озодиҳои асосии шаҳрвандонро, ки бояд аз ҷониби ҳамаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ риоя шаванд, кафолат медиҳад.

Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ тартиби баргузор намудани амалҳои тафтишотӣ ва кафолати ҳуқуқҳои шаҳрвандонро дар ҷараёни тфтишот муайян мекунад.

Қонуни ҶТ “Дар бораи милитсия” фаъолияти мақомоти милитсия ва ваколатҳои онҳоро танзим намуда, доираи амали онҳоро муқаррар мекунад.

Доир ба махфияти маълумоти худ ман чӣ хел ҳуқуқҳо дорам?

Ҳуқуқҳои шумо ба махфияти маълумот дар Тоҷикистон тибқи меъёрҳои зерин ҳимоя мешаванд:

Конститутсияи ҶТ. Моддаи 23 дахолатнопазирии ҳаёти шахсӣ ва ҳимояи маълумоти шахсиро кафолат медиҳад.

Қонун “Дар бораи ҳифзи маълумот”. Ин қонун усулҳои ҳифзи маълумотро муқаррар намуда, муносибатҳои ҳуқуқиро дар ин соҳа танзим мекунад.

Кодекси гражданӣ (маданӣ)-и ҶТ. Дар моддаҳои 246, 247 ва 249 муқаррарот дар бораи ҳифзи ҳаёти шахсӣ ва махфияти маълумоти шахсӣ, инчунин махфияти мукотиба, гуфтугӯҳои телефонӣ ва дигар навъҳои мубодилаи хабар зикр шудааст.

 «PRO BONO DE JURE» - ташкилоти ҷамъиятиест, ки ба ҳимояи ҳуқуқӣ машғул аст. Ташкилот барои адвокатҳо ва ҳуқуқшиносон машваратҳои ҳуқуқӣ ва барномаҳои омӯзишӣ пешниҳод мекунад. Ҳадаф аз он баланд бардоштани саводнокии ҳуқуқӣ ва таъмии дастрасӣ ба кумаки тахассусии ҳуқуқӣ барои қишри васеи аҳолӣ мебошад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.