Дар доираи қазияи "дуздӣ"-и миллионҳо сомонӣ пули хӯрок ва либоси сарбозон аз буҷети Вазорати дифои кишвар, ки нисбати 71 тан парвандаи ҷиноятӣ боз шуда буд, 9 нафар зиндонӣ ва беш аз 60 кас ҷарима шудаанд. Дар ин бора рӯзи 7-уми август дар нишастии хабарии Додгоҳи олии кишвар иттилоъ доданд.
Сайдалӣ Раҳмонзода, муовини раиси додгоҳ олӣ ва раиси коллегияи ҳарбӣ гуфт, аз 71 нафар, 43 тан шахсони низомӣ ва 28 тан ғайринизомӣ, аз ҷумла роҳбарони ширкатҳои молрасон буданд.
Манбаъ гуфт, ҳукми додгоҳ 18-уми марти соли 2025 содир шуда, дар асоси он “9 нафар аз 5 то 15 сол равонаи зиндон ва 62 тани дигар ҷарима шудаанд”.
Раиси коллегияи ҳарбӣ, аз маҳкумшудагон танҳо номи ду тани онҳо- Ҳукмиддинзода Хайриддин, ки 5 сол зиндонӣ ва Самарализода Раҳмоналиро, ки 15 сол равонаи зиндон шуданд, ифшо кард.

Ба гуфтаи ӯ, маблағи зарари расонидашуда беш аз 124 ммлн 857 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки аз ин, беш аз 108 млн сомонӣ ба буҷаи давлат пардохту беш 16 миллион сомонии дигар то ҳол барқарор нашудааст.
Ба ин тартиб, дуздии маблағ ҳазорон сарбозро аз хӯрок, сарулибос ва муҳиммоти ҳарбӣ маҳрум кардааст.
“Маблағи азхудкардашуда асосан барои хурду хӯрок ва либоси сарбозон ва барои харидории техникаи ҳарбӣ пешбинӣ шуда буд” - изҳор дошт Сайдалӣ Раҳмонзода.
Рустам Мирзозода, раиси Додгоҳи олӣ дар шарҳи татбиқи ҷарима ба аксари гумонбарон гуфт, ки тибқи моддаи 49 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон дар ҳолати то баровардани ҳукми додгоҳ пурра барқароро кардани зарари расонидашуда, нисбати гунаҳкор “ҷазои ҷарима ва ё дигар ҷазои бо маҳрум сохтан аз озодӣ алоқаманднабуда” таъйин мешавад.
“Ҷинояти маҳкумшудагон ба ҳамин модда мутобиқат мекард ва зарар дар ҳамон давра пурра барқарор шуда буд, аз ин рӯ нисбати онҳо ҷазо дар намуди ҷарима таъин шуд” - шарҳ дод Мирзозода.
Қаблан, моҳи августи соли гузашта Оҷонсии зиддифасод дар бораи боз шудани парванда дар пайи зарари молиявӣ аз ҳисоби буҷети Вазорати мудофиа нисбати 52 корманди ин ниҳод иттилоъ дода буд. Ҳамчунин, он замон гуфта мешуд, ки аз ҳисоби Вазорати мудофиа 123,1 млн сомонӣ дуздида шудааст.
Дертар, моҳи феврали соли ҷорӣ, ин ниҳод дар робита бо қазияи мазкур аз боз шудани парванда нисбати 78 хидматчии давлатӣ ва азхудкунии 122,7 млн сомонӣ хабар дод.
Он вақт гуфта мешуд, ки парвандаҳои ҷиноятӣ нисбати 43 корманди Вазорати мудофиа, 3 корманди Кумитаи давлатии амнияти миллӣ (КДАМ), 2 корманди Вазорати молия ва 30 корманди мақомоту сохторҳои дигар боз шудааст.





Далели нав барои ҷарима. Дарҷ накардани маълумот зарурӣ дар расид муҷозот мешавад
Мероси урани Тоҷикистон: барои халосӣ аз зарари он чӣ қадар маблағ лозим аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 декабри соли 2025
Боз як пардохти ҳатмӣ. Ширкатҳои мобилӣ уҳдадор шуданд, ки барои нобудсозии “антенна”-и худ пул диҳанд
“Ба музояда касе наомад”. Чойхонаи маъруфи “Харбуза” боз харидор наёфт
Марги 2 кас дар пайи таркиши мина. Дар Тоҷикистон то ҳол беш аз 12 км мураббаъ аз минаҳо тоза нашудаанд
“Дар дилхоҳ шуъбаи Оҷонсӣ метавонед аз қайд гузаред”. Ҷузъиёти шиносоии чеҳраи нафақагирон дар Тоҷикистон
Дар қаҳрамонии бокси ҷаҳон як муштзани тоҷик ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт
Дидори Эмомалӣ Раҳмон бо Сардор ва Қурбонбонгулӣ Бердимуҳаммадовҳо дар Ашқобод
Ҷоми Осиё U-17: 16 даста муайян шуд ва Тоҷикистон дар сафи беҳтаринҳо аст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста