Душанбе. 23-юми июн. «Азия-Плюс» — | Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ Намояндаи махсуси Дабири кулли НАТО оид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқоз Ҷеймс Аппатурайро ба ҳузур пазируфт.

 Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар рафти вохӯрӣ мавзӯи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва НАТО, ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва созмони номбурда дар чаҳорчӯби Барномаи “Ҳамёрӣ баҳри сулҳ” мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

 Ҳамчунин, ҷонибҳо вазъ дар Осиёи Марказӣ, таъмини амният дар сарҳадот ва раванди барқарорсозии сулҳ дар Афғонистонро муҳокима карданд.