Низомиёни Покистон ва дар маҷмӯъ ҳукумати Покистон гаравгонони сиёсиии рӯҳониёни ин кишвар мебошанд. Дар ин бора дар мусоҳиба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» сиёсатшиноси тоҷик Рустам Ҳайдаров изҳори назар кард.
Дар шарҳи масъалаи ба сардӣ гароидани муносибатҳои Исломободу Вашингтон, ки босуръат ҷараён дорад, коршинос таъкид кард, ки ИМА аллакай Покистонро аз даст дод ва дар Вашингтон инро дарк месозанд.
«Гап сари он аст, ки генералҳои покистонӣ муқобили иродаи ҷомеаи тундгарои исломишудаи Покистон коре карда наметавонанд. Аз ин рӯ, ҳама гуна кумаку дастгирие, ки Покистон ба нерӯҳои ғарбии эътилоф мерасонад, аз ҷониби доираҳои динии ин кишвар ҳамчун амали душманона арзёбӣ мешавад», - гуфт вай.
«Доираҳои динии Покистон дар ташаккули афкори ҷомеа нақши асосиро мебозанд ва бинобар ин, ҳукумат ва низомиёнро зарур меояд, ки ба ақидаи онҳо эътибор диҳанд. Доираҳои динии Покистон дар муддати тамоми маъракаи амрикоӣ дар Афғонистон аз ҳаракати «Толибон» ва «Ал-Қойида» дар симои Усома бин Лодин пуштибонӣ мекарданд. Покистон кайҳо ба Афғонисони дуюм табдил ёфтааст ва танҳо ба туфайли дастгирии ИМА суботи начандон зиёд дар ин кишвар барқарор аст. Вале оянда ин субот ҳам аз байн меравад», - мегӯяд коршинос.
Ба андешаи Ҳайдаров, чунин вазъ ИМА-ро водор сохт, ки барои ҳамлу нақли бор ба низомиёни худ воситаи захиравииро ҷустуҷӯ намояд ва сафари чанде пеши котиби давлатии ИМА Ҳиллари Клинтон ба минтақаи Осиёи Марказӣ маҳз ба ҳалли ин масъала бахшида шуда буд.
«Аз ин рӯ, Ҳ.Клинтон ҷиҳати ҳушдори ахир додан аввал ба Покистон ва сипас ба Тоҷикистону Ӯзбекистон ташриф овард», - мӯътақид аст коршинос.
Р. Ҳайдаров таъкид кард, ки «айни замон ҳукумати ИМА дар назди Конгресс ва мардуми худ барои оғози гуфтушунидҳо ҷиҳати ифтитоҳи пойгоҳҳои низомӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ далели қотеъ дорад. Дар кишварҳое, ки ифтитоҳи пойгоҳҳои низомӣ дар назар аст, ин пойгоҳҳо бояд то интихоботи президенти Русия дар соли 2012 кушода шаванд».
«Аз ин на танҳо Ӯзбекистон, балки дигар кишварҳои минтақа, ки ба онҳо ИМА таваҷҷӯҳ зоҳир месозад, манфиат хоҳанд бардошт. Ман мутмаинам, ки бо назардошти рӯйдодҳои ахир миёни Русияву яке аз кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ, масъалаи ифтитоҳи пойгоҳи низомии ИМА дар ин кишвар базудӣ ва ба таври мусбат барои ИМА ҳал хоҳад шуд», - пешбинӣ мекунад коршинос.
Р.Ҳайдаров ҳамчунин зикр кард, ки Кремл то ҳанӯз дарк накардааст, ки дар пирӯзӣ ба шарики стратегии худ дар минтақа, яъне Тоҷикистон дар кори ба истилоҳ «парвандаи халабонон» дар ояндаи наздик, яъне пас аз ифтитоҳи пойгоҳҳои низомии ИМА, Русия тамоми минтақаи Осиёи Марказир бебозгашт аз даст хоҳад дод.
Таҳдиди муҷозот барои барои андозбандии беасос. Кумитаи андоз ба шикояти кишоварзон расидагӣ кард.
Сокини Конибодом ба ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ ба Украина гумонбар мешавад
Далер Назаров: “Агар шеър менавиштам, мехостам чун Лоиқ нависам...”
Ҷонибек Ҳикмат президенти Шӯрои иҷроияи ЮНИСЕФ интихоб шуд. Ӯ кист?
Ато Мирхоҷа: “Адибони тунуквиҷдон сабаби пайдоиши “шоирону нависандагон”-и қаллоб шуданд”
Кор дар Қатар. Вазорати меҳнат бори дигар рӯйхати касбу ихтисосҳои зарурро нашр кард
Рушди ҳукумати электронӣ. Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ дар мақоми охир қарор дорад
Байни Хуҷанд ва Новосибирск боз ҳаракати автобусҳо оғоз мешавад
Душанбе: аввалин универмаг, автобус ва ҳайкал кай пайдо шуд?
Ваъдаи 200 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ аз сӯи мақомот барои кумак дар ошкор кардани ду ҳодисаи куштор
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста