Дар шаҳри Вилнюс Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон Қозидавлат Қоимдодов (иқоматгоҳ дар ш. Минск) ба Президенти Ҷумҳурии Литва Даля Грибаускайте эътимоднома супорид.

Тавре аз департаменти иитилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар рафти вохӯрӣ, ки баъди маросими супоридани эътимоднома баргузор гардид, масъалаҳои муносибатҳои дуҷониба ва имкониятҳои ҳамкориҳои иқтисодии ду давлат баррасӣ шуданд.

Ба иттилои манбаъ, президенти Литва аввалин сафири Тоҷикистон дар Литваро барои таъин шуданаш ба ин мақом табрик гуфта, изҳори боварӣ кард, ки таъиноти Қ.Қоимдодов ба ин вазифа барои рушд додани муносибатҳо заминаи хубе хоҳад буд.

 Қобили зикр аст, ки муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Литва соли 1992 барқарор шуда буданд.