Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мутобиқи натоиҷи санҷиши фаъолияти ҳизб аз ҷониби Прокуратураи генералии Тоҷикистон дар ҳаҷми 20 ҳазор сомонӣ ҷаримабандӣ шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» муовини раиси ҲНИТ Муҳаммадалии Ҳайит хабар дод, пас аз тафтиши семоҳаи фаъолияти ҳизб дар тамоми минтақаҳои кишвар, мақомоти тафтишоту андоз дар пардохти андозҳо баъзе камбудиҳоро ошкор кардаанд.

Дар ҳамин ҳол, ба қавли М.Ҳайит, ба наздикӣ дар суди ноҳияи Синои пойтахт мурофиаи судӣ оид ба даъвои ҲНИТ алайҳи Прокуратураи генералӣ дар бораи ғайриқонунӣ будани тафтиши фаъолияти ҳизб аз ҷониби ин мақомот оғоз мегардад.