Чанде қабл мулоқоти вазири адлияи Тоҷикистон Рустам Менглиев бо вазири адлияи Беларус Олег Слижевский доир гардид.

Бино ба маълумоти департамерти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар рафти мулоқот қайд карда шуд, ки ҷонибҳо ба ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқ тибқи меъёрҳои эътирофгардидаи ҳуқуқи байналмилалӣ аҳамияти махсус дода, ҷиҳати рушди минбаъдаи ҳамкориҳо оид ба масъалаҳои мутақобилан судманд мароқ зоҳир менамоянд.

Ба иттилои манбаъ, ҷонибҳо оид ба ҳамкорӣ ҷиҳати амалисозии сиёсати ҳуқуқӣ дар соҳаи адлия, рушди системаҳои ҳуқуқии иттилоотӣ, таъмини методии фаъолияти қонунгузорӣ, ташкили реестр ва бақайдгирии санадҳо дар мақомот ва муассисаҳои адлияи ду ҷониб, ташкили ёрии ҳуқуқӣ ба аҳолӣ ва дигар масъалаҳо ба мувофиқа расиданд.

Зимнан зикр гардид, ки дар охири мулоқот Созишнома дар бораи ҳамкорӣ байни Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати адлияи Ҷумҳурии Беларус ба имзо расид.