Мулоқоти анъанавии сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони зиёиёни эҷодкор, ки ҳамасола дар остонаи таҷлили ҷашни Наврӯз доир мегардад, соли равон санаи 20-уми март дар бинои нави Осорхонаи миллии ҷумҳурӣ баргузор мешавад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» муовини аввали вазири фарҳанги ҷумҳурӣ Миралӣ Достиев дар ин робита хабар дод, имрӯз дар бинои нави осорхона корҳои хотимавии мавриди истифода қарор додани иншоот дар арафаи анҷомёбианд.

Ёдрас мекунем, ки ахири моҳи июли соли 2010 сарвари давлат хишти аввали таҳкурсии бинои нави Осорхонаи миллиро гузошта, ба сохтмони он ҳусни оғоз бахшида буд.

Қобили зикр аст, ки бинои осорхона аз толору утоқҳои сершумори махсус барои нигоҳдории ёдгориҳои нодири таърихию фарҳангӣ муҷаҳҳазгардида иборат мебошад. Дар осорхона толорҳои давраҳои гуногуни таърихи гузаштаю муосири миллати тоҷик бо ёдгориҳои нодири фарҳангӣ низ мавриди истифода қарор гирифта, тамоми толору ҳуҷраҳои бино бо шабакаҳои гармидиҳию салқинсозӣ, оташнишонӣ, муҳофизатӣ ва ғайра муҷаҳҳаз мебошанд.