Имрӯз зимни иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ раиси палатаи болои парлумон Маҳмадсаид Убайдуллоев изҳор намуд, ки санаи баргузории интихоботи президент мутобиқи Сарқонун аввали моҳи август дар ҷаласаи муштараки палатаҳои парлумон эълон карда мешавад.

Раиси палатаи болоии парлумон зикр кард, ки рӯзи 4-уми июл вохӯрии сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони аҳли ҷомеа, аҳзоби сиёсӣ, раисони вилоят ва шаҳру навоҳии кишвар, рӯҳониён ва зиёиён дар назар аст, ки дар он атрофи масоили муҳими иқтисоду сиёсати кишвар гуфтугӯ сурат хоҳад гирифт.

«Чун аксарияти аъзои Маҷдлиси миллӣ ба ин вохӯрӣ даъват шудаанд, пешниҳод мекунам, ки иҷлосияи навбатии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ рӯзи 5-уми июл даъват карда шавад», - иброз дошт М.Убайдуллоев.