Имрӯз Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҷаноби Ҳомид Карзай мулоқот намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ, дар ҷараёни мулоқот бештар ба масъалаи тақвияти ҳамкориҳои байнипарлумонӣ миёни Душанбе ва Кобул таваҷҷӯҳ зоҳир карда шуд.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон густариш бахшидани ҳамкориҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Афғонистонро барои таҳкими равобити дигар соҳаҳо муҳим хонда, ҳамзамон изҳор дошт, ки равобити ҳарду кишвари дӯст ва ҳамзабонро метавон дар асоси ҳамкориҳои байнипарлумонӣ тақвият бахшид, аз ин рӯ, мо бояд бештар барои фароҳам овардани чунин шароит ба муносиботи дуҷонибаи байнипарлумонӣ такя кунем. Байни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Луи Ҷиргаи Ҷумҳурии Афғонистон гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ фаъол ҳастанд ва ҳадаф аз таъсиси ин гурӯҳҳо низ фароҳам овардани шароити муносиб барои рушди равобити байнипарлумонии кишварҳои мо мебошад.

Шукурҷон Зуҳуров ҳамчунин изҳор дошт, ки Тоҷикистон ҳамеша хостори таъмини суботу амният дар кишвари дӯст ва ҳамсояи Афғонистон аст, зеро мавҷуд будани оромӣ ва субот дар кишвари ҳамсоя барои тақвияти сулҳ ва якпорчагии дигар ҷумҳуриҳои ҳамҷавор ва дар маҷмӯъ минтақа аст. Ҷониби Тоҷикистон ҳамеша алоқаманди густариши ҳамкориҳои худ бо Ҷумҳурии дӯст ва бародари Афғонистон дар ҳамаи заминаҳо мебошад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста бо ташаббусҳо ҷиҳати баргузор намудани нишасти сарони кишварҳо ва конфронсҳои сатҳи байналмилалӣ ва минтақавӣ, ки дар он масоили вобаста ба таъмини сулҳу субот дар Афғонистон ва рушди иқтисодиву иҷтимоии он кишвар баррасӣ мегарданд, баромад мекунад. Ба ин муносибат, бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба манзури саҳмгузорӣ ба эътидоли вазъ дар Афғонистон ва беҳбудии иқтисодиву иҷтимоии он кишвар, дар таърихи 26-27 марти соли 2012 дар Душанбе Панҷумин конфронси ҳамкориҳои минтақавии иқтисодӣ оид ба Афғонистон (RECCA V) баргузор гашт. Дар ин чорабинии сатҳи байналмилалӣ таваҷҷуҳ ба пешбурди соҳаи инфрасохтор, хусусан инфрасохтори энергетикӣ ва нақлиётӣ, ҷалби сармоягузорӣ, идораи сарҳад ва дигар масъалаҳо баррасӣ гардиданд.

Тоҷикистон бо Афғонистон дар форматҳои минтақавӣ, аз ҷумла чаҳоргонаи Тоҷикистон – Афғонистон – Покистон – Россия, сегонаҳоиТоҷикистон – Афғонистон - Эрон ва Тоҷикистон-Афғонистон-Покистон низ ҳамкориҳои судмандеро ба роҳ монда, масоили ҳамкориҳои минтақавӣ дар доираи мулоқотҳои сатҳи олӣ байни роҳбарони кишварҳо ва сохторҳои дахлдор, дар фазои ҳусни тафоҳум баррасӣ мегарданд.

Гардиши савдо миёни Тоҷикистону Афғонистон дар ҳашт моҳи соли 2013 маблағи 120 млн. 882,3 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил кард (содирот 74 млн. 648, 8 ҳазор доллар ва воридот 46 млн.233, 5 ҳазор доллари ИМА). Хурсандиовар аст, ки ин нишондиҳанда сол то сол ба ҳаҷми қобили мулоҳиза афзоиш меёбад.

Байни Тоҷикистону Афғонистон болои дарёи Панҷ то имрӯз расман панҷ пул (пулҳо дар Панҷи Поён – “Дӯстӣ”, Ишкошим, Хоруғ (Тем), Дарвоз (Рузвай) ва Ванҷ (Хумроғӣ) сохта шудааст.

Соли 2011 хатти интиқоли барқи 220 кВ Сангтуда-Пули Хумрӣ мавриди истифода қарор гирифт. Ифтитоҳи ин хат имконият медиҳад, то дар мавсими гармо мардуми Афғонистон бо қувваи барқи арзон ва аз лиҳози муҳити зистӣ тоза таъмин гардад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъ 85 ширкатҳои афғонӣ фаъолият мекунад.

То имрӯз миёни Тоҷикистон ва Афғонистон 68 созишнома ва ёддоштҳои тафоҳум ба имзо расидааст.

Шукурҷон Зуҳуров ҳамчунин иброз намуд, ки бар асоси Ёддошти тафоҳуми байни Ҷумҳурии Тоҷиикстон Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Туркманистон оид ба лоиҳаи сохтмони роҳи оҳани “Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон” аз 20 марти 2013 (ш.Ашқобод), ки миёни президентҳои се кишвар ба имзо расидааст, гурӯҳҳои техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон 19 апрели соли 2013 аввалин ҷаласаи Гурӯҳи муштараки ҳамоҳангкунандаи эъмори хатӣ оҳани “Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон” ва таърихи 16 июни соли 2013 дар сарҳади Тоҷикистон – Афғонистон мулоқот намуданд .

Дар соли 2013 барои шаҳрвандони Афғонистон 50 бурсияи ҷудо шуд, ки ин ба густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи маориф, фоли нек аст.

Бояд тазаккур дод, ки айни замон (дар ҳолати моҳи октябри соли 2013) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 234 нафар шаҳрвандони Афғонистон таҳсил доранд.

Президенти Давлати Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай низ хостори густариши муносиботи парлумони кишвараш бо Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шуд ва таъкид дошт, ки Маҷлиси наояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи солҳои фаъолияти начандон зиёди худ дар минтақа ва ҷаҳон ҳамчун парлумони муваффақ ном баровардааст ва истифода аз таҷрибаи қонунофарии парлумони Тоҷикистон барои такмили фазои қонунгузорӣ дар Афғонистон мусоидат хоҳад кард.

Ҳомид Карзай аз дастгирӣ ва пуштибониҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз мавқеъ ва вазъияти Афғонистон дар Созмонҳои байналмилалӣ ва ҷомеаи ҷаҳонӣ изҳори сипос намуда, таъкид кард, ки мо аз дӯстони тоҷик, бахусус Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бисёр розӣ ҳастем, ки ин кишвари дӯст ҳамеша барои таъмини амнияту субот дар кишвари мо ва барқарории харобиҳои баъдиҷангӣ бо пешниҳодҳои ҷолиб аз ҷомеаи ҷаҳонӣ ва Созмонҳои байналмилалӣ даъват менамояд.

Дар мулоқот, ҳамчунин дар бораи ҳамкориҳои гуногунсоҳа, аз ҷумла равобити иқтисодӣ, иҷтимоӣ, энергетика, роҳу коммуникатсия, фарҳанг ва муносиботи зичи минтақаҳои наздисарҳадӣ изҳори назар карда шуд.