Чанд рӯз қабл дар чаҳорчӯби иҷлосияи тирамоҳии Ассамблеяи байнипарлумонии САҲА дар шаҳри Будва (Черногория) таҳти унвони «Вокуниш ба таҳдидҳои фаромиллӣ ва ҳимоя аз ҳуқуқи инсон: нақши САҲА» конфронси байнипарлумонӣ доир гардад, ки дар кори он беш аз 200 нафар вакилон аз 50 кишвари дунё ширкат варзиданд.

Бино ба маълумоти Дафтари САҲА дар Тоҷикистон, зимни суханронӣ дар яке аз ҷаласаҳо раиси Кумитаи МНМО ҶТ оид ба умури байнулмилалӣ, иттилоот ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ Олим Салимзода зикр кард, ки густариш ва таҳкими заминаи иқтисодии ҳокимияти сиёсӣ дар Афғонистон тавассути истифодаи густардаи ниҳодҳо ва меъёрҳои маъмулӣ, тақвияти фаъолияти зиёиён ва рӯҳониён, ҷавонон, васоити ахбори умум ва ҳамчунин роҳандозии муколамаи созанда миёни тамоми қишрҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ имконпазир аст.

Вакили парлумони Тоҷикистон аз Ассамблеяи байнипарлумонии САҲА ва дигар созмонҳои байнипарлумонӣ даъват кард, ки дар мубоиза бо терроризм аз ҷумла тавассути фаъолияти қонунофарӣ дар бахши роҳ надодан ба хушунат бештар саҳм бигиранд.

Бино ба маълумоти Дафтари САҲА дар ҶТ, дар ҷараёни кори конфронс ҳайати Тоҷикистон дар баррасии масоили таҳдидҳо ба амнияти минтақа фаъолона ширкат варзида, таваҷҷуҳи ҳозиринро ба оқибатҳои имконпазир баъди хурӯҷи нерӯҳои низомии эътилофи байнулмилалӣ аз Афғонистон дар соли 2014 ва зарурати таъмини амният дар ин кишвар ҷалб намуд.