Баъди анҷоми вохӯриҳои номзадҳо ба мансаби президентӣ дар вилояти Суғд, мулоқоти онҳо бо интихобкунандагони вилояти Хатлон оғоз гардид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» роҳбари дастгоҳи КМИР ҶТ Абдуманнон Додоев хабар дод, рӯзи ҷумъаи ҳамин ҳафта номзадҳо бо сокинони ноҳияи Данғара вохӯрӣ гузаронида, имрӯз бо аҳолии шаҳри Кӯлоб ва ноҳияи атрофи он мулоқот доир мегардад.

«Муддати ду рӯзи оянда номзадҳо бо интихобкунандагони минтақаи Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон, 30-юми октябр бо аҳолии минтақаи Рашт, 31-уми октябр – 1-уми ноябр бо интихобкунандагони ВМКБ як силсила вохӯриҳо анҷом медиҳанд», - иброз дошт ӯ.

Зимнан зикр гардид, ки дар ҷараёни вохӯриҳо бо аҳолӣ ва намояндагони ВАО номзадҳо мардумро бо барномаи пешазинтихоботии худ шинос намуда, оид ба вазъи кунунии сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодии ҷумҳурӣ ибрози назар мекунанд.

Дар Тоҷикистон аз 16-уми октябр расман маъракаи пешазинтихоботӣ ба мансаби президентӣ оғоз гардид. Интихобот рӯзи 6-уми ноябр доир мегардад. Айни замон ба сифати номзад ба мақоми президенти Тоҷикистон расман 6 нафар ба қайд гирифта шуданд. Инҳо президенти амалкунандаи ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон, намояндаи Ҳизби аграрӣ академик Толиббек Бухориев, раиси Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ Олимҷон Бобоев, муовини раиси Ҳизби коммунист Исмоил Талбаков, раиси Ҳизби сотсиалистӣ Абдуҳалим Ғаффоров ва раиси Ҳизби демократии Тоҷикистон Саидҷаъфар Исмонов мебошанд.

Бо қарори КМИР номзадҳо ба мансаби президентӣ ба суханронии 30-дақиқаинаи ройгон дар ҳар кадоме аз шабакаҳои давлатии телевизионӣ ҳуқуқ дошта, ба шахсони бовариноки номзадҳо низ дар ҳар кадоме аз шабакаҳои давлатии телевизионӣ 20 дақиқа эфир дода мешавад. «Ҳамчунин номзадҳо ҳуқуқ доранд, ки дар матбуотӣ расмӣ маълумот дар бораи барномаҳои пешазинихоботии худ дар ҳаҷми 10 саҳифаи чопӣ (шрифти 14)-ро низ ба нашр расонанд.