Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати таҷлили солгарди истиқлолияти Туркманистон ба президенти ин кишвар Гурбонгулӣ Бердимуҳаммедов барқияи табрикотӣ ирсол намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқияи табрикотии Эмомалӣ Раҳмон зикр мегардад, ки Тоҷикистон ба сатҳи кунунии равобит бо Туркманистон, ки дар солҳои охир ба таври назаррас рушд меёбанд, баҳои баланд медиҳад.

«Мутмаинем, ки бо талошҳои муштарак равобити дуҷонибаи дар асоси суннатҳои таърихӣ ва дӯстӣ бунёдёфта ва ҳамкориҳои мутақобилан судманди худро тақвият медиҳем. Мехоҳам ба Шумо итминон диҳам, ки ҷониби Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи созишномаҳои мо, ки ба рушду таҳкими минбаъдаи равобити дуҷониба нигаронида шудаанд, аз тамоми имконоти мавҷуда истифода мекунад», - гуфта мешавад дар барқия.