Сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов бар ин назар аст, ки дар муддати нисбатан кӯтоҳи мавҷудияти худ Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) самаранокии фаъолияти худро нишон дод.

«Мо ҳама (кишварҳои узви СҲШ) ба таҳкими ин созмон манфиатдорем. Дар таърихи начандон тӯлонии мавҷудияти худ он нишон дод, ки созмони воқеъӣ аст ва ба ташаккули низоми амният ҷиддӣ мусоидат менамояд», - гуфт сафир имрӯз зимни кори мизи гирд дар Душанбе таҳти унвони «Ҷойгоҳи Тоҷикистон дар раванди ташаккул ва рушди СҲШ».

Лякин Фролов қайд кард, ки ҷалби кишварҳои нави аъзо ба ин созмон тамоили хуб аст, зеро аз ин омил обрӯву нуфузи СҲШ танҳо рӯ ба афзоиш хоҳад ниҳод.

Сафири Русия ба фаъолияти Тоҷикистон ба ҳайси раёсат дар ин созмон баҳои баланд дода, зикр кард, ки давоми ин сол Тоҷикистон аз ҳар лиҳоз хуб фаъолият намуда, созмонро хеле пурсамару серамал роҳбарӣ намуд. «Ман бо ҳисоботи чорабиниҳои гуногуни дар доираи ин созмон давоми соли равон дар Чину Тоҷикистон ва дигар кишварҳо доиргардида шиносам ва гуфтаниам, ки ҳамеша ва дар ҳама ҷо нақши созандаи шарикони тоҷик ба хубӣ эҳсос мешуд», - афзуд дипломати русиягӣ.

Ёдрас мекунем, ки аз моҳи сентябри соли 2013 то моҳи сентябри соли 2014 раёсати Созмони ҳамкории Шанхайро Тоҷикистон бар дӯш дошт.

Созмони ҳамкории Шанхай созмони байнулмилалии минтақавиест, ки соли 2001 аз ҷониби сарони кишварҳои Чин, Русия, Қазоқистон, Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон таъсис дода шуд.