Дар интихоботи парлумонии ахири моҳи феврали соли оянда Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон 40 нафар намояндагони худро ба номзадӣ пешбарӣ карданист.

Роҳбари ситоди пешазинтихобтии ҲНИТ, муовини раиси Ҳизб Маҳмадалии Ҳайит ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки номи 20 нафар номзадҳо аз ҲНИТ, ки ба рӯйхати ҳизбӣ ҷиҳати иштирок дар интихобот ба парлумон аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявии интихоботӣ шомил мегарданд, дар анҷумани пеш аз интихоботи ҳизб санаи 16-уми декабр дар Душанбе эълон карда мешаванд.

«Боз 20 нафар номзадҳо аз ҳизби мо дар ҳавзаҳои интихоботии якмандатӣ барои курсиҳо дар парлумон рақобат хоҳанд кард», - қайд кард Ҳайит.

Дар идома ӯ таъкид намуд, ки пешбарӣ нашудани номзадҳо дар тамоми ҳавзаҳои интихоботии якмандтӣ ва истифода накардани рӯйхати пурраи ҳизбӣ дар интихобот аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявии интихоботӣ маънои онро надорад, ки ҲНИТ мушкилоти молӣ дорад.

«Агар мушкилоти молӣ рӯйи кор ояд, мо ба бародарону хоҳарони худ аз ҳизб муроҷиат мекунем ва ман бовар дорам, ки маблағи заруриро зуд ҷамъоварӣ карда, дар шароити имрӯзаи пешбарии номзадҳо ба вакилӣ мо воқеъияти имрӯзаи Тоҷикистонро ба инобат мегирем», - иброз дошт муовини раиси ҳизб.

ҲНИТ дар парлумони нав фраксияи худро таъсис доданист, ки барои ин ҳадди ақал ба даст овардани 5 курсии вакилӣ зарур аст. Дар парлумони кунунӣ ҲНИТ ҳамагӣ соҳиби ду курсӣ аст, ки онро раиси ҳизб Муҳиддин Кабирӣ ва муовини аввали ӯ Саидумар Ҳусайнӣ намояндагӣ мекунанд.

Ёдрас мекунем, ки палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон аз 63 вакил иборат аст, ки 41 нафарашон аз ҳавзаҳои интихоботии якмандатӣ ва 22 нафар вакил тибқи рӯйхати ҳизбӣ аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ интихоб мешаванд.

То имрӯз 8 ҳизби сиёсии Тоҷикистон санаи баргузории анҷуманҳои пешазинтихоботии худро муайян карданд. Анҷуманҳои пеш аз интихоботро Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон – 13-уми декабр, Ҳизби коммунисти Тоҷикистон – 27-уми декабр, Ҳизби сотсиалист ва Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон – 17-уми декабр, Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон – 16-уми декабр, Ҳизби аграрии Тоҷикистон – 18-уми декабр, Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон – 13-уми декабр ва Ҳизби демократии Тоҷикистон – 20-уми декабр баргузор мекунанд.