Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ва бо мақсади иштирок дар ифтитоҳи якчанд иншооти таъиноти гуногун, инчунин мулоқот бо сокинон ба ноҳияи Рӯдакӣ ташриф овард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, сафари кории Президенти мамлакат дар ноҳияи Рӯдакӣ бо оғози корҳои сохтмонӣ дар иншоотҳои Маҷмааи фарҳангию фароғатӣ, варзишию солимгардонӣ бо нуқтаҳои савдо ва хизматрасонӣ шуруъ гардид.

Эмомалӣ Раҳмон бо гузоштани нома ба наслҳои оянда дар маҳалли бунёди ин маҷмааи бузурги хизматрасонӣ ба корҳои сохтмонӣ оғоз бахшид. Дар маҷмаа кӯдакистон барои 200 тарбиятгиранда, корхонаи дӯзандагӣ бо 300 ҷойи корӣ, толори варзишӣ барои машқи 200 нафар дар як баст ва маркази савдо бо 400 ҷойи корӣ пешбинӣ шудааст.

Маблағи умумии арзиши лоиҳа 30 миллион сомонӣ буда, дар рафти корҳои сохтмонӣ 200 нафар сохтмончӣ ҷалб мегардад. Баъди ба истифодадиҳии маҷмааи мазкур наздики 3 ҳазор нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин карда мешавад. Бунёди маҷмаа аз ҷониби соҳибкори ватандӯст Заъфаралӣ Кабиров ба роҳ монда шуда, бояд давоми ду сол сохта шавад.

Сипас Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Исмоили Сомонии шаҳраки Сомониён бо гузоштани санги асос ва нома ба наслҳои оянда ба сохтмони бинои истиқоматии бисёрошёна оғози расмӣ бахшид. Бинои истиқоматии 9 - ошёна аз 85 хонаи як ва ду ҳуҷрагӣ иборат буда, сохтмонаш дар ҷойи манзили истиқоматии дуошёна, дар масоҳати 0,23 гектар ба нақша гирифта шудааст.

Он аз ҷониби соҳибкори ватандӯст Убайдулло Гулов бунёд гардида, фармоишгар ва сохтмончӣ Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сохтмони арзон» ва лоиҳакаш Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Архиком-К» мебошад.

Арзиши лоиҳавии ин иншоот 17 миллион сомониро ташкил медиҳад ва дар ошёнаи якуми он бунёди маркази савдо ва дигар иншооти хизматрасонии маишӣ пешбинӣ гардидааст. Дар рафти корҳои сохтмонӣ 25 нафар ва баъди бунёди бино 15 нафар аз сокинони маҳаллӣ соҳиби ҷойи кор мешаванд.

Дар идома дар маркази шаҳраки Сомониёни ноҳияи Рӯдакӣ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон як бинои истиқоматии 5-ошёнаро ифтитоҳ намуда, баъди буридани лентаи рамзӣ дар ошёнаи аввал бо шароити зист дар хонаҳо шинос ва ба якчанд оилаи хуштолеъ калиди хонаҳои замонавиро тақдим намуд.

Бинои истиқоматии 5-ошёна дорои 40 хона, аз ҷумла 19 якҳуҷрагӣ ва 21 дуҳуҷрагӣ иборат мебошад. Он бо харҷи қариб 5 миллион сомонӣ аз тарафи соҳибкор Руқия Ҳамдамова сохта шудааст. Лоиҳакаш Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Тоҷмаҳал - 2010 буда, бо назардошти талаботи муосири коммуналӣ бо тамоми инфрасохтор бунёд шудааст.