Дар шаҳри Абу Забӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ бинои нави Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Арабро ифтитоҳ намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, нахуст Эмомалӣ Раҳмон таҳти садои суруди миллии Тоҷикистон Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз парчампоя боло бардошт.Баъди буридани лентаи рамзӣ дар вазъияти тантанавӣ, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо шароити кори кормандони сафорати Тоҷикистон дар толор ва утоқҳои корӣ шинос шуд.

Тавре маълум гардид, бинои сафорат дар шаҳраки намояндагони корпусҳои дипломатии Абу Забӣ бунёд шуда, ба талаботи рӯз ҷавобгу аст.

Бинои хуштарҳу бошукуҳи Сафорати Тоҷикистон аз 3 ошёна ва утоқҳои барҳаво иборат мебошад. Дари даромадгоҳ ва пешайвон бо нақшу нигори миллӣ аз ҷониби устоҳои гулдасти тоҷик - ҷавонони ҳунарманд ороиш дода шудааст.

Ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар паҳлуи бинои сафорат як иморати дигари дуошёна бо шароити мусоиди зист барои кормандон сохта шудааст. Ин тадбир имкон фароҳам меорад, ки масъалаи таъмини манзили зисти намояндагони сафорат ҳам ҳал гардад.

Бунёди бинои сафорат аз моҳи сентябри соли 2014 оғоз гардида, 17 марти соли 2016 дар ҷараёни сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Амороти Муттаҳидаи Араб ба истифода дода шуд.

Сохтмон аз тарафи ширкати паймонкор ва таъмиргари Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Висом Ал - Авдӣ анҷом ёфтааст. Корҳои рангу бор ва ороиши биноро устоҳои тоҷик иҷро кардаанд.                                                 Дар ҳамин ҷо баъди ифтитоҳи бино Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо иштирокчиёни маросими ифтитоҳи Сафорат, намояндагони корпусҳои дипломатии муқими Абу Забӣ ва ҳамватанони мо, ки дар аморот кору зиндагӣ мекунанд, мулоқоту суҳбати самимӣ доир кард.

“Рушду густариши муносибатҳои гуногунҷанбаи судманд бо ин кишвари барои  мо дӯст яке аз самтҳои муҳими сиёсати хориҷии давлати Тоҷикистон аст” - таъкид дошт зимни суханронӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.

Сафорат ва дипломатҳо давлаташонро дар кишвари будубош муаррифӣ намуда, бо фаъолияти ҳадафмандашон барои таҳкиму тавсеаи равобити ҳасана ва ҳамкориҳои судманди онҳо заминаи мусоид фароҳам меоранд.

Аз ин ру изҳори умед карда шуд, ки кормандони сафорати мо дар Абу Забӣ ҷиҳати иҷрои нияту нақшаҳои таҳкиму тавсеаи робитаҳои дӯстиву ҳамкориҳои мутақобилан муфиди байни ду кишвари дӯст минбаъд низ заҳматҳои пайгиронаашонро дареғ нахоҳанд дошт.

Дар охир Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба кормандони Сафорат ғайрати дучанд, фаъолияти ҳадафмандона, дар кору амалашон дастовардҳо орзу намуд.

Бо ҳамин сафари расмии асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Амороти Муттаҳидаи Араб анҷом ёфт.