Вазири федералии корҳои хориҷии Ҷумҳурии Федеративии Олмон, раиси амалкунандаи Созмони амният ва ҳамкории Аврупо (САҲА) Франк-Валтер Штайнмайер рӯзи 1 апрел бо сафари якрӯза аз Тоҷикистон боздид мекунад. Дар ин бора департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Бино ба иттилои як манбаъи «Азия-Плюс» дар ҳукумати ҷумҳурӣ, зимни ин сафар Франк-Валтер Штайнмайерро президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳузур мепазирад.

Тибқи маълумоти Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Сироҷидин Аслов имрӯз, 25 март сафири Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳидает Бишчевичро ба ҳузур пазируфт.

Гуфта мешавад, дар мулоқот доираи васеи масъалаҳо, аз қабили равандҳои муҳимми ҳамкориҳо, натиҷаҳои ҷаласаи 5-уми Шӯрои ҳамкории Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо, мавзӯъҳои мубрами минтақавӣ ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн баррасӣ гардиданд.