Имрӯз таҳти раёсати раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон Бахтиёр Худоёрзода ҷаласаи КМИР ҶТ доир гардида, дар он санаи баргузор намудани интихоботи пешазмуҳлат ба палатаи болоии парлумони кишвар муайян карда шуд.

Роҳбари дастгоҳи КМИР Тоҷикистон Абдуманнон Додозода ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки интихобот ба ҷойи вакили аз Маҷлиси миллӣ хориҷшуда Бахтиёр Худоёрзода (ҳавзаи интихоботии Душанбе) ба санаи 29 май таъин карда шудаанд.

Ёдрас мекунем, ки Бахтиёр Худоёрзода бинобар сабаби ба вазифаи раиси КМИР Тоҷикистон таъин шуданаш, пеш аз муҳлат аз аъзогии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон хориҷ шуд.

Ба иттилои манбаъ, дар ҷаласаи КМИР ҶТ ҳамчунин тартиби бақайдгирии нозирони байнулмилалӣ дар маъракаи раъйпурсии умумихалқии санаи 22 май оид ба ворид намудани тағйиро ба Конститутсияи Тоҷикистон низ тасдиқ шудааст.