Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба амали террористӣ дар шаҳри Лоҳури Покистон, ки шоми рӯзи якшанбеи ҳафтаи сипаришуда рух дода, ба марги даҳҳо тан ва маҷрӯҳ гардидани садҳо нафар боис гардид, ба нахуствазир ин кишвар Навоз Шариф барқияи тасаллият ирсол намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқияи Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла зикр мегардад, ки «хабари фоҷеабори ҳалокати даҳҳо мардуми бегуноҳ, минҷумла занону кӯдакон ва ҷароҳати вазнин бардоштани садҳо нафар бар асари таркиши даҳшатангез дар шаҳри Лоҳури Ҷумҳурии Исломии Покистон боиси андӯҳи бузург ва нафрати беандозаи инҷониб гардид».

«Мо бо нигаронии шадид ин амали ваҳшиёнаи нерӯҳои аҳриманро қатъиян маҳкум намуда, ҳамбастагии худро бо талошҳои минтақавию ҷаҳонӣ баҳри тақвияти муборизаи беамон алайҳи терроризм ва ифтротгароӣ таъкид менамоем», - омадааст дар барқия.

Дар фарҷом сарвари давлати Тоҷикистон ҳамдардиву тасаллияти амиқи хеш ва тамоми мардуми Тоҷикистонро ба халқи кишвари дӯсти Покистон ва наздикони фавтидагон изҳор намуда, ба ҳамаи осебдидагон шифои комил металабад.

Ёдрас мекунем, ки ахири ҳафтаи гузашта дар минтақаи шарқии Покистон - шаҳри Лоҳур (маркази маъмурии вилояти Панҷоб) дар боғи фароғатии Гулшани Иқбол таркиш ба вуқӯъ пайваста , бар асари он ҳудуди 70 нафар кушта ва ҳадди ақал 300 нафар ҷароҳат бардоштанд, ки аксари захмишудагон занону кӯдакон мебошанд.