Вазири корҳои хориҷии Олмон Франк-Валтер Штайнмайер чанде қабл ба сафараш ба кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ оғоз карда, нахуст ба Ӯзбекистон ташриф овард ва зимни мулоқот бо вазири корҳои хориҷии кишвари ҳамоя Абдулазиз Комилов ва президенти ин кишвар Ислом Каримов мушкилоти минтақавӣ ва байнулмилалиро баррасӣ карда, ҷонибҳо атрофи мушкилоти минтақа ва ҷаҳон табодули назар намуданд.
Бино ба маълумоти агентии UzReport, Ислом Каримов қайд кардааст, ки «боздид аз шаҳри Самарқанд дар доираи ин сафар ба Франк-Валтер Штайнмайер имкон медиҳад, ки бо таъриху фарҳанги ин мардуми кӯханбунёд аз наздик ошно гардад».
Дар ҳамин ҳол, хабаргузории REGNUM менависад , дар робита ба муҳим будани минтақаи Осиёи Миёна барои Олмон Штайнмайер изҳор доштааст, ки «Осиёи Миёна минтақаи стратегӣ буда, бо аксар вақт дар сояи таваҷҷуҳи байнулмилалӣ қарор доштан, дар ин ҷо манфиатҳои кишварҳои абарқудратӣ минтақавӣ - Русия, Чин ва Эрон паҳлӯи ҳам меоянд».
Ба гуфтаи вазир олмонӣ, минтақа дорои «имконоти бузурги иқтисодӣ ва ҳамзамон хатарҳои назаррас барои субот мебошад, ки берун аз таваҷҷуҳи мо буда наметавонанд».
«Ҳамзамон барои таҳкими робитаҳои ҷамъиятӣ, фарҳангӣ ва иқтисодии мо бо кишварҳои Осиёи Марказӣ имконоти зиёд вуҷуд дорад. Аз ин рӯ, барои Олмон муҳим аст, ки дар ин минтақа фаъол бошад», - иброз доштааст Штайнмайер.
Қобили зикр аст, ки имрӯз 31 март вазири корҳои хориҷии Олмон ба Қирғизистон ташриф оварда, пагоҳ, 1 апрел сафари расмии ӯ ба Тоҷикистон дар назар аст.
Тарзи интихоб, синну сол ва пули чипта. Ҳамаи шартҳои сафар ба Корея маълум шуд
Freedom Finance Global: Дар Тоҷикистон эътимоди истеъмолкунандагон паст мешавад
Омӯзгор огоҳ карда шуд. Вазорати маориф навори сарзаниши хонандагон аз ҷониби омӯзгорро шарҳ дод
“Рақаму рамзи кортро надиҳед”. Ҳушдори Амонатбонк ба муштариён аз фаъолшавии қаллобон
Таҳқиқот: Дар Тоҷикистон рушди логистика начандон қаноатбахш аст
РМА-и электронӣ чист ва чӣ тавр метавон онро ба даст овард?
Дар Украина “Осори мунтахаб”-и Садриддин Айнӣ бо забони украинӣ нашр шуд
То соли 2050 Осиёи Марказӣ метавонад сеяки пиряхҳои худро аз даст диҳад
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Даббоғ ва бӯйи атр”
Тоҷиддин Мардонӣ, шарқшиноси тоҷик ва сафири пешини Тоҷикистон дар Ӯзбекистон ва Туркманистон аз олам даргузашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста