Дар ҳошияи сафар ба Ню-Йорк ҷиҳати иштирок дар Иҷлоси 30-юми вижаи Маҷмаи Умумии СММ оид ба масъалаҳои ҷаҳонии маводи нашъаовар, Мубоҳисаҳои сатҳи баланд ҷиҳати ноил шудан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор ва Маросими баимзорасии Созишномаи Париж, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов рӯзи 20 апрел бо Муовини Дабири кулли СММ дар масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ У Хунбо мулоқот анҷом дод.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, зимни мулоқот масъалаҳои ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳид, алалхусус бо ниҳодҳои алоҳидаи он ба мисли Департаменти иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ (ҒNDӮSA) ва СММ-Об (ҒN-Watӯқ) мавриди муҳокима қарор гирифта, ҷонибҳо дар атрофи масъалаҳои ҷаҳонии об ва татбиқи саривақтии ҳадафҳои рушди устувор табодули назар намуданд.