Рӯзи 25 апрели соли 2016 мулоқоти муовини якуми вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ бо сафири Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Тоҷикистон Абдулғафур Орзӯ баргузор шуд.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, зимни суҳбат масъалаҳои мубрами муносибатҳои Тоҷикистону Афғонистон ва роҳҳои тавсеаи ҳамкориҳои судманди ду кишвари дӯсту ҳамсоя дар самтҳои мухталиф баррасӣ шуданд.

Гуфта мешавад, ҳамин рӯз муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнов ҳайати Подшоҳии Таиландро бо роҳбарии намояндаи махсуси Вазорати корҳои хориҷии он кишвар Чалермпол Тҳанчитт ба ҳузур пазируфт.

Зикр мегардад, ки дар рафти суҳбат ҳолат ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба дар соҳаҳои афзалиятноки мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ гардида, оид ба таҳкими ҳамкориҳо ва пешбурди ташаббусҳои ҳамдигар дар доираи созмонҳои минтақавию байналмилалӣ низ табодули назар сурат гирифт.