Сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов ҳамчунин иҷрои вазифаи сафири Тоҷикистон дар Арманистонро низ ба уҳда мегирад.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, рӯзи 3 май дар шаҳри Ереван маросими супоридани эътимодномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Россия ва Арманистон бо иқомат дар Москва Имомуддин Сатторов ба Президенти Ҷумҳурии Арманистон Серж Саргсян баргузор гардид.

Гуфта мешавад, дар рафти вохӯрӣ Президенти Арманистон ба сафири Тоҷикистон дар масири иҷрои вазифаҳои масъулиятноки дипломатӣ муваффақият орзу намуда, қайд кард, ки барои рушд ва тавсеаи муносибатҳои дуҷониба имкониятҳои васеъ мавҷуданд, ки онҳо ба пуррагӣ истифода намешаванд ва изҳори умед намуд, ки таъиноти сафир ба ин раванд нафаси тоза хоҳад бахшид.

Ба иттилои манбаъ, инчунин ҷонибҳо дурнамои рушди муносибаҳои дуҷонибаро дар соҳаҳои иқтисодӣ, сиёсӣ ва гуманитарӣ, ҳамзамон ҳамкории фаъол дар ҳошияи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.

Сафири Тоҷикистон арз намуд, ки барои рушд ва тавсеаи босамари муносибатҳои дуҷониба миёни кишварҳо ва халқҳои дӯст тамоми кушишҳоро ба харҷ хоҳад дод.