Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз ноиби президенти Бонки ҷаҳонӣ (БҶ) оид ба кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ хонум Аннет Диксонро ба ҳузур пазируфта, дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон бо ин ташкилоти бонуфузи молиявӣ баррасӣ гардид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар мулоқот аз ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар давоми 23 соли охир, хусусан аз ҷониби гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфтани соҳаҳои гуногуни рушди Тоҷикистон, аз ҷумла энергетика, инфрасохтор, кишоварзӣ, иҷтимоиёт ва дастгирии буҷети давлатӣ изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Зикр гардид, ки дар тӯли 23 соли шарикӣ Бонк ба Тоҷикистон зиёда аз як миллиард доллари америкоӣ қарзҳои имтиёзнок, грантҳо ва кӯмаки техникӣ пешниҳод намуда, ҳоло лоиҳаҳои фаъоли он ба маблағи зиёда 350 миллион доллар дар бахшҳои кишоварзӣ, нақлиёт, идораи давлатӣ ва сиёсати иқтисодӣ, обтаъминкунӣ, бахши хусусӣ, тандурустӣ, маориф ва ҳифзи иҷтимоӣ дар ҳолати иҷроиш қарор доранд.

Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон баҳои баланд дода, таъкид бар он дошт, ки ҳар як лоиҳаи якҷоя бо Бонк татбиқшаванда боз як пешрафти дигар дар рушди бемайлони кишвар ва беҳтар гардондани сатҳи зиндагии мардум буда, дар шароити таъсири ногувори омилҳои берунӣ, аз ҷумла таъсири бӯҳрони ҷаҳонии иқтисодию молиявӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон аз тадбирҳои муҳим ва саривақтӣ ба ҳисоб мераванд.

Дар мулоқот ҳамчунин масоили фарогирии имконоти бузурги молиявию техникии Бонки ҷаҳонӣ дар бартарфсозии оқибатҳои офатҳои табии дар Тоҷикистон ва таҳкими корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар мавзеҳои хавфноки кишвари мо мавриди баррасӣ қарор дода шуд.