Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов рӯзи 19 май бо муовини раиси Кумитаи иҷроия - котиби иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, роҳбари Миссияи мушоҳидони байналмилалӣ аз ИДМ Владимир Гаркун дидору гуфтушунид кард.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаи ҳамкориҳои  Тоҷикистону ИДМ - ро мавриди муҳокима қарор дода, оид ба масоили омодагӣ ба Раъйпурсии умумихалқии ҶТ оид ба ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия (Сарқонун)-и Тоҷикистон, ки 22 майи соли ҷорӣ баргузор хоҳад гашт, мубодилаи афкор карданд.

Гуфта мешавад, С. Аслов ба Миссияи мушоҳидон аз ИДМ барои ташрифашон ба шаҳри Душанбе ҷиҳати назорати маъракаи муҳими сиёсӣ -  Раъйпурсии умумихалқӣ, ки дар арафаи ҷашни 25 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад, изҳори сипос намуд.

Қайд мешавад, ки ҳамчунин зимни мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои бисёрҷониба дар ҳошияи ИДМ-ро баррасӣ карданд.