Дар нишасти нахуствазирони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай, ки имрӯз дар пойтахти Қирғизистон - шаҳри Бишкек ба кор шурӯъ кард, ба масъалаи имкони аз ҷониби Русия якҷониба қатъ кардани парвози ҳавопаймоҳо ба Тоҷикистон низ таваҷҷуҳ зоҳир мешавад.

Дар доираи кори ҷаласаи 15-уми Шӯрои нахуствазирони кишварҳои узви СҲШ масъалаи қатъи парвози ҳавопаймоҳо миёни Тоҷикистону Русия низ баррасӣ мешавад. «Имрӯз ин масъала дар нишасти Бишкек баррасӣ хоҳад шуд», - менависад РИА Новости.

Қобили зикр аст, ки қаблан қариб ҳамаи васоити ахбори умуми Русия иттилоъ доданд, ки ҳафтаи оянда Русия метавонад якҷониба парвози ҳавопаймоҳо ба Тоҷикистонро қатъ кунад. Бино ба маълумоти нашрияи Коммерсантъ, ин ба он вобаста будааст, ки Душанбе ба мувофиқасозии парвози ҳавопаймоҳои ширкатҳои русиягӣ ба Тоҷикистон аз фурудгоҳи нави Жуковский хоҳиш надоштааст.

Дар навбати худ мақомоти Тоҷикистон дар ин робита изҳор намуданд, ки баргузории гуфтушуниди мақомоти дахлдори Тоҷикистону Русия оид ба масъалаи парвози ҳавопаймоҳо миёни кишварҳо аз фурудгоҳи Жуковский санаи 24 ноябр ба нақша гирифта шудааст.

Дар кори ҷаласаи 15-уми Шӯрои нахуствазирони кишварҳои узви СҲШ нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода иштирок дорад. Тавре пештар ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дода буд, дар Бишкек вохӯриҳои дуҷонибаи Қоҳир Расулзода ба нақша гирифта нашудааст.