Сафири Тоҷикистон дар Кобул Шарофиддин Имомов иддаои намояндаи Луи Ҷирга ё парлумони Афғонистон аз вилояти Кундуз дар мавриди интиқоли аслиҳаи Русия тавассути Тоҷикистон барои Толибон дар шимоли Афғонистонро “беасос ва дурӯғин” хонд.

Бино ба маълумоти Радиои Озодӣ, ин гуна хабарҳо дар ҳафтаи гузашта, дар пайи бозгашти Абдулвадуд Паймон, намояндаи парлумон аз вилояти Кундуз пайдо шудааст.

«Ду рӯзе қабл бо Абдулвадуд Паймон сӯҳбат карда ва манбаи ин хабаррро пурсидам. Ӯ гуфт, ки аз мардуми маҳал шудааст. Барои тасдиқи ин хабар ҳеҷ далеле оварда натавонист. Баъдан узрхоҳӣ кард, ки бо такя ба овозаҳо ин хабарро дар расонаҳои Афғонистон пахш кардааст», - иброз доштааст ӯ.

Абдулвадуд Паймон гуфтааст, дар ҳоле, ки интиқоли силоҳ аз Покистон ба шимоли Афғонистон номумкин аст, Толибон дар ин минтақа бо силоҳҳои муосир мусаллаҳ мешаванд. Вай дар ин росто ангушти ишорат ба сӯи Русия карда ва гуфтааст, силоҳҳои русӣ аз тариқи Тоҷикистон тавассути дарёи Ому ба ҳангоми шаб ба вулусволӣ ё ноҳияҳои Дашти Арчӣ ва Дарқади вилоятҳои Кундуз ва Тахор интиқол мешаванд.

Ӯ насби дурбинҳои назоратӣ дар сарҳади байни Тоҷикистону Афғонистонро нишонае аз ҳузури низомиёни рус дар марзҳои ҷанубии Тоҷикистон арзёбӣ кардааст.

Муҳаммад Улуғхоҷаев, сухангӯи неруҳои марзбонии Тоҷикистон гуфтааст, интиқоли силоҳу таҷҳизоти ҷангӣ аз Тоҷикистон ба Афғонистон ғайриимкон аст.” Вай хабари тавассути киштиҳо шабона аз Тоҷикистон ба ноҳияҳои Дашти Арчӣ ва Дарқад интиқол шудани силоҳҳои русиро нодуруст хонда ва гуфтааст, “дар минтақаҳои сарҳадии дарёи Омӯ ҳеҷ киштие рафту омад намекунад”.