Аз рӯи натиҷаҳои гуфтушунид бо Президенти Русия Владимир Путин сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуд, ки ҳамчун кафили иҷрои созишномаи сулҳ Россия дар раванди барқарорсозии сулҳ ва ризоят дар Тоҷикистон нақши муҳим бозида, дар рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар ва таҳкими истиқлолияти миллии он саҳми назаррас гузошт.

Ба гуфтаи ӯ, муколамаи дар сатҳи олӣ доиргардида бори дигар «дараҷаи олии эътимоди сиёсии тарафайнро, ки мо хеле қадр мекунем, собит намуд».

«Мо ба он розием, ки барои минбаъд мукаммал намудани онҳо иқтидори калони истифоданашуда мавҷуд аст, - қайд кард Эмомалӣ Раҳмон. - Барои идомаи муколамаи доимии сиёсӣ ҳавасмандии дуҷониба изҳор гардид, ки ба беҳсозии ҳамгироии мо дар тамоми самтҳо мусоидат мекунад».

Сарвари давлати Тоҷикистон зикр кард, ки барои такмили робитаҳои иқтисодии кишварҳо вусъат додани ҳудуди ҳамкориҳои минтақавии Тоҷикистону Россия ва таҳкими робитаҳои дар ин соҳа мавҷуд аҳамияти бузург дорад.

Ҷонибҳо ҳамчунин омодагиро барои идомаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои басо муҳими иқтисодӣ, ба мисли кишоварзӣ, нассоҷӣ ва саноати кӯҳкорӣ, энергетика, бо шумули нафту газ тасдиқ намуда, омодагӣ ба кори муштарак дар афзудани истеҳсолот ва интиқоли меваҳои аз ҷиҳати экологӣ тоза ба бозорҳои Россия таъкид гардид.

Дар робита ба густариши ҳамкориҳо дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ Эмомалӣ Раҳмон қайд кард, ки «мо изҳори умед менамоем, ки пешниҳодҳои ҷониби Тоҷикистон дар ин самт аз ҷониби ҳукумати Россия дастгирӣ меёбанд».

Дар вохӯрӣ муҳимияти фароҳам овардани шароити мусоид барои қонеъ гардонидани таваҷҷуҳи рӯзафзуни шаҳрвандони Тоҷикистон ҷиҳати фарогирии таҳсилот ба забони русӣ таъкид гардид.

«Имрӯз дар ҳудуди Тоҷикистон филиалҳои 3 муассисаи олии Россия фаъолият мекунанд ва дар муассисаҳои олии Россия бошад қариб 20 ҳазор шаҳрвандони мо, аз ҷумла тибқи бурсияҳое, ки ҳамасола аз ҷониби Россия ҷудо карда мешаванд, таҳсил менамоянд, - гуфт Эмомалӣ Раҳмон. - Мо аз Ҳукумати Федератсияи Россия дар мавриди қарор оид ба зиёд кардани бурсияҳо барои донишҷӯёни тоҷик дар ин соли хониш сипосгузорем».

Талошҳои муштарак доир ба рушди ҳамкории ҳарбӣ ва ҳарбӣ – техникӣ, пеш аз ҳама бо роҳи навсозии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ба хотири таҳкими имконияти мудофиавии кишвари мо ва таъмини амнияти минтақавӣ таъкид карда шуданд.

«Дар фарҷом мехостам ба Президенти Федератсияи Россия муҳтарам Владимир Владимирович барои сарфароз гардонидан бо мукофоти олии давлатии Федератсияи Россия – Ордени Александр Невский миннатдории самимии худро изҳор намоям, - гуфт Пешвои миллат. - Ин мукофотро ман, пеш аз хама, ҳамчун баҳои баланд ба саҳми тамоми мардуми Тоҷикистон дар рушд ва таҳкими муносибатҳои дӯстона бо Россияи бародар арзёбӣ мекунам».