Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи сарони давлатҳои узви Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ (СҲИ) ба шаҳри Исломободи Ҷумҳурии Исломии Покистон сафар кард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Эмомалӣ Раҳмонро раисон ҳарду палатаҳои парлумон, сарвазир, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.

Гуфта мешавад, дар ин сафар Президенти Тоҷикистонро вазири корҳои хориҷӣ, Ёрдамчиёни Президенти ҶТ оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ ва оид ба масъалаҳои иқтисодӣ, вазирони энергетика ва захираҳои об, рушди иқтисод ва савдо ҳамроҳӣ мекунанд.

Созмони ҳамкории иқтисодӣ - ташкилоти байнидавлатии иқтисодии  минтақавӣ  ба шумор  рафта,  онро  соли  1985  Эрону Покистон ва Туркия бо мақсади пешбурди ҳамкориҳои иқтисодӣ, техникӣ ва фарҳангӣ миёни кишварҳои узви Созмон таъсис доданд.

Имрӯз Эрон, Покистон, Туркия, Қазоқистон, Озарбойҷон, Афғонистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон аъзои СҲИ мебошанд. Котибот ва шуъбаи фарҳанги Созмони ҳамкории иқтисодӣ дар Теҳрон, дафтари иқтисоди он дар Туркия ва дафтари илмии он дар Покистон воқеъ аст.