Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва сарвазири Малайзия Моҳд Наҷиб бин Тун Ҳоҷи Абдул Разоқ ба муносибати 25-солагии ба роҳ мондани робитаҳои дипломатӣ миёни кишварҳо ба ҳамдигар барқияҳои табрикӣ ирсол намуданд.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқияи Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла зикр мегардад, ки Тоҷикистон барои пешбурди муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои судманд миёни кишварҳо ва тақвияти бештари муколамаи мунтазами сиёсӣ дар сатҳи олӣ омода аст.

Дар барқияи Моҳд Наҷиб бин Тун Ҳоҷи Абдул Разоқ қайд шудааст, ки Малайзия ҷиҳати таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дуҷониба дар ростои манфиатҳои мутақобилан судманди мардумони ҳарду кишвар кӯшиш ба харҷ хоҳад дод.