Дар Душанбе бори нахуст машваратҳои байниидоравии Тоҷикистону Фаластин баргузор шуданд.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дод, дар вохӯрии муовини нахуствазири Тоҷикистон Азим Иброҳим бо муовини вазири корҳои хориҷии Фаластин Мозен Шомия масъалаҳои рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои туризму бахши кишоварзӣ баррасӣ шуда, ҷониби Фаластин изҳор доштааст, ки ояндаи наздик Рӯзҳои фарҳанги кишвараш дар Тоҷикистонро баргузор карданист.

Бино ба маълумоти департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, таҳти роҳбарии муовини якуми вазири корҳои хориҷии ҶТ Низомиддин Зоҳидӣ ва муовини вазири корҳои хориҷии Давлати Фаластин Мозен Шомия рӯзи 29 март нахустин машваратҳои байниидоравӣ баргузор шуданд.

Гуфта мешавад, дар рафти машваратҳо масъалаҳои рушди муносибатҳои дуҷониба дар соҳаҳои мухталифи иқтисод, тиҷорат, фарҳанг, таҳкими ҳамкориҳои байнипарлумонӣ, барқарор намудани робитаҳои доираҳои тиҷоратӣ ва илмӣ, инчунин таҳияи санадҳои дуҷониба ҷиҳати тавсеаи заминаи шартномавию ҳуқуқии ҳамкориҳои Тоҷикистону Фаластин баррасӣ шуданд.

Зимнан зикр мегардад, ки ҳамчунин атрофи масъалаҳои мубрами минтақа ва ҷаҳон ва ҳамкории ҷонибҳо дар ҳошияи СММ, СҲИ ва МҲТБО табодули назар сурат гирифт.