Дар Вазорати корҳои хориҷии Чин рӯзи 19 июн сафири Тоҷикистон дар ин кишвар Парвиз Давлатзода ва муовини вазири корҳои хориҷии Чин Лю Ҷэнмин бо имзо намудани Протоколи дахлдор тасдиқномаҳоро оид ба тасдиқи Шартнома байни Тоҷикистон ва Чин оид ба бозпас гардонидани маҳкумшудагон, ки 13 сентябри соли 2014 дар шаҳри Душанбе ба имзо расидааст, мубодила намуданд.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, тибқи муқаррароти моддаи 20-и Шартномаи дар боло номбурда, он дар рӯзи 30-юм баъди мубодилаи тасдиқномаҳо, яъне 19 июли соли 2017 эътибор пайдо менамояд.

Қобили зикр аст, ки дар Чин моҳи январи соли 2016 нисбати шаҳрванди Тоҷикистон Ҳасан Юсуфови 51-сола ҳуки қатл мавриди амал қарор гирифт. Суди Чин ӯро ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир гунаҳкор эътироф намуд. Субҳи рӯзи 28 январ ӯ ба қатл расонида шуд.

Ҳасан Юсуфов, ки ба соҳибкорӣ ва воридоти мол аз Чин машғул буд, ҳанӯз панҷ соли пеш дар Урумчӣ бо иттиҳом қочоқи маводи мухаддир дастгир ва баъдан аз сӯи додгоҳи Чин ба қатл маҳкум шуд. Ӯ дар бозор ба доми фиреби як зан афтода ва ҳини интиқоли як халта ба ҷойи дигар, ки дар дарунаш маводи мухаддир буд, аз тарафи пулиси Урумчӣ боздошт гардид.

Тобути Ҳасан Юсуфов рӯзи 2 феврали соли гузашта аз Урумчӣ ба Душанбе интиқол дода шуд. Мақомоти Чин маъмулан ҷасадҳои тибқи ҳукми додгоҳ қатлшударо ба наздиконашон намедиҳанд, «вале бо талошу пофишориҳои сафорати Тоҷикистон дар Чин муяясар шуд, ки ба таври истисно ҷасади ӯро гиранд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.